https://sputnik.tj/20210726/dushanbe-noboligh-kuftand-1041178825.html
Даҳшат: се наврас дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт ноболиғи 15 - соларо то дами марг кӯфтанд
Даҳшат: се наврас дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт ноболиғи 15 - соларо то дами марг кӯфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ноболиғони 13, 14 ва 15 - сола дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт, навраси 15 - соларо то дами марг латукӯб намуданд 26.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-26T14:21+0500
2021-07-26T14:21+0500
2021-07-26T14:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_0:126:3073:1854_1920x0_80_0_0_7e3d38e94a34e0c26396b33ade1c8c81.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҳодисаи даҳшатбори қатли навраси 15 - сола аз сӯи ҳамсолони ӯ иттифоқ афтодааст.Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони пулис марди 59 - солаи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки набераи 15 - солаи ӯро се наврас то дами марг шадидан кӯфтанд.Ба нақли арзкунанда, ҳодисаи нохуш нисфирӯзи 24 июл, тахминан соати 12:30 дақиқа дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт сурат гирифт.Ба таъкиди сокини пойтахт, наврасон набераи ӯро бидуни асос латукӯб намуда ба марг расонданд.Дар ҳамин ҳол, кормандони милиса, ба гумони содир намудани ин ҷиноят ноболиғони 13, 14 ва 15 - соларо дастгир намуданд, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи мазкурро муфассал шарҳ надодааст, танҳо зикр гардидааст, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқу санҷиш қарор дорад.Манбаъ ҳамзамон аз як ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ки хушбахтона оқибати он ба марг наанҷомидаст.ВКД: марди солхӯрда домодашро, ки бародарзодааш мебошад, корд задБар хабари манбаъ, рӯзи 23 июл, тахминан соати 19:00 дақиқа дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии "Меҳр", сокини 27 - солаи ноҳияи Мастчоҳ бо ҳаммаҳаллӣ 25 - солаи худ вориди муноқиша шуда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи охирон зарба расондааст.Тибқи зулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ, ҷароҳати бардошта зарари вазнин ба саломатӣ гуфта мешавад.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210714/javoni-rasht-hamdehaashro-kord-zad-1040879315.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_53e9d2460f2f082c0b94af63479685cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, куштор
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, куштор
Даҳшат: се наврас дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт ноболиғи 15 - соларо то дами марг кӯфтанд
14:21 26.07.2021 (Навсозишуда: 14:44 26.07.2021) Ноболиғони 13, 14 ва 15 - сола дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт, навраси 15 - соларо то дами марг латукӯб намуданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҳодисаи даҳшатбори қатли навраси 15 - сола аз сӯи ҳамсолони ӯ иттифоқ афтодааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба кормандони пулис марди 59 - солаи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд, ки набераи 15 - солаи ӯро се наврас то дами марг шадидан кӯфтанд.
Ба нақли арзкунанда, ҳодисаи нохуш нисфирӯзи 24 июл, тахминан соати 12:30 дақиқа дар маҳаллаи 64 - уми пойтахт сурат гирифт.
Ба таъкиди сокини пойтахт, наврасон набераи ӯро бидуни асос латукӯб намуда ба марг расонданд.
Дар ҳамин ҳол, кормандони милиса, ба гумони содир намудани ин ҷиноят ноболиғони 13, 14 ва 15 - соларо дастгир намуданд, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи мазкурро муфассал шарҳ надодааст, танҳо зикр гардидааст, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқу санҷиш қарор дорад.
Манбаъ ҳамзамон аз як ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ки хушбахтона оқибати он ба марг наанҷомидаст.
Бар хабари манбаъ, рӯзи 23 июл, тахминан соати 19:00 дақиқа дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии "Меҳр", сокини 27 - солаи ноҳияи Мастчоҳ бо ҳаммаҳаллӣ 25 - солаи худ вориди муноқиша шуда, бо корд як маротиба ба қафаси синаи охирон зарба расондааст.
Тибқи зулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ, ҷароҳати бардошта зарари вазнин ба саломатӣ гуфта мешавад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.