https://sputnik.tj/20210909/safir-qirghiziston-afghoniston-sabukdush-1042157093.html
Сафири Қирғизистон дар Афғонистон аз вазифа сабукдӯш шуд
Сафири Қирғизистон дар Афғонистон аз вазифа сабукдӯш шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурияти Содир Ҷабборов гуфтааст, ки Ниёзов бо хоҳиши худ истеъфо додааст7
2021-09-09T16:10+0500
2021-09-09T16:10+0500
2021-09-09T16:10+0500
сиёсат
афғонистон
қирғизистон
сафир
сабукдӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042156904_0:87:647:451_1920x0_80_0_0_de7fea1111d0fa84036240e3fa548a35.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Мирослав Ниёзов аз вазифаи сафири Қирғизистон дар Афғонистон озод карда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии президент.Бар асоси аризаи сиёсатмадор президент Содир Ҷабборов фармонро имзо кардааст. Мирослав Ниёзов 69 сол дошта аз соли 2019 ба ҳайси сафири Қирғизистон дар Афғонистон кор мекард. Ӯ аз солҳои 90 -ум дар як қатор вазифаҳои давлатӣ адои вазифа намудааст, аз ҷумла муовини вазири амнияти миллӣ, котиби Шӯрои амният ва сафир дар Тоҷикистон будааст.Ҳамчун коршиноси низомӣ хидмат кардааст. Вақте Толибон* дар Афғонистон ба қудрат расиданд, Ниёзов барои табобат дар Бишкек қарор дошт. Вай хабар дод, ки ҳамоҳангсозии кори намояндагии дипломатиро дар Кобул аз пойтахти Қирғизистон идома медиҳад. Толибон* як моҳ пеш ҳамла ба нирӯҳои ҳукуматиро тақвият доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълом хоҳад шуд. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши Амрико дар Афғонистонро қатъ карданд. Чанде пеш Толибон* ҳукумати муваққатӣ таъсис доданд, маросими савгандёдкунӣ 11 сентябр баргузор мешавад. * - ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210909/nomai-muovin-ba-saforathoi-afghoniston-1042154559.html
https://sputnik.tj/20210909/tolibon-intikhobot-mardum-barguzo-meshavad-1042147152.html
афғонистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042156904_0:27:647:512_1920x0_80_0_0_52f0891d563318a4050001b58149ac7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафири қирғизистон, аз вазифа озод, сабукдӯш, афғонистон
сафири қирғизистон, аз вазифа озод, сабукдӯш, афғонистон
Сафири Қирғизистон дар Афғонистон аз вазифа сабукдӯш шуд
Маъмурияти Содир Ҷабборов гуфтааст, ки Ниёзов бо хоҳиши худ истеъфо додааст
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Мирослав Ниёзов аз вазифаи сафири Қирғизистон дар Афғонистон озод карда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии президент.
Бар асоси аризаи сиёсатмадор президент Содир Ҷабборов фармонро имзо кардааст.
Мирослав Ниёзов 69 сол дошта аз соли 2019 ба ҳайси сафири Қирғизистон дар Афғонистон кор мекард.
Ӯ аз солҳои 90 -ум дар як қатор вазифаҳои давлатӣ адои вазифа намудааст, аз ҷумла муовини вазири амнияти миллӣ, котиби Шӯрои амният ва сафир дар Тоҷикистон будааст.
Ҳамчун коршиноси низомӣ хидмат кардааст.
Вақте Толибон* дар Афғонистон ба қудрат расиданд, Ниёзов барои табобат дар Бишкек қарор дошт. Вай хабар дод, ки ҳамоҳангсозии кори намояндагии дипломатиро дар Кобул аз пойтахти Қирғизистон идома медиҳад.
Толибон* як моҳ пеш ҳамла ба нирӯҳои ҳукуматиро тақвият доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд. Рӯзи дигар эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълом хоҳад шуд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши Амрико дар Афғонистонро қатъ карданд.
Чанде пеш Толибон* ҳукумати муваққатӣ таъсис доданд, маросими савгандёдкунӣ 11 сентябр баргузор мешавад.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.