https://sputnik.tj/20210909/nomai-shodboshi-oqokhon-rahmon-1042165760.html
"Дуогӯи сулҳу суботи кишвари шумоям": номаи шодбошии Оқохони IV ба Раҳмон
"Дуогӯи сулҳу суботи кишвари шумоям": номаи шодбошии Оқохони IV ба Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият кард
2021-09-09T19:31+0500
2021-09-09T19:31+0500
2021-09-09T19:33+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
табрикот
бунёди оқохон
оқохон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/27/1022072735_0:0:2501:1407_1920x0_80_0_0_b4ca95cce7e705efff9adeccc3e6ff51.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Дар номааш пешвои исмоилиёни ҷаҳон гуфта мешавад, ки "бо хурсандии бепоён дар ин рӯзе, ки Шумо 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиред, ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми тоҷик табрикот ва таманниёти неки худро иброз менамоям".Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ гуфтааст, ки дар ин рӯзи фархунда, "дуогӯи сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бузурги Шумо мебошам”.Номаҳои табрикотӣ ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз номи Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ворид гардидаанд.
https://sputnik.tj/20210909/shtaynmayer-afghoniston-mo-jonibdori-shumo-1042155193.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/27/1022072735_0:0:2467:1850_1920x0_80_0_0_9a7019a0a07c5a09d6c78ce91d7f2b9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, оқохони iv, номаи табрикот
эмомалӣ раҳмон, оқохони iv, номаи табрикот
"Дуогӯи сулҳу суботи кишвари шумоям": номаи шодбошии Оқохони IV ба Раҳмон
19:31 09.09.2021 (Навсозишуда: 19:33 09.09.2021) Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият кард
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Дар номааш пешвои исмоилиёни ҷаҳон гуфта мешавад, ки "бо хурсандии бепоён дар ин рӯзе, ки Шумо 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиред, ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми тоҷик табрикот ва таманниёти неки худро иброз менамоям".
"Имомати Исмоилия ва ниҳодҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ба шарикии дарозмуддати мо бо Тоҷикистон содиқ мемонанд, зеро мо кушиш менамоем, ки ҳадафҳои Ҳукумати Шуморо барои беҳтар кардани сифати зиндагии ҳамаи мардуми тоҷик дастгирӣ намоем", - омадааст дар номаи табрикотӣ.
Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ гуфтааст, ки дар ин рӯзи фархунда, "дуогӯи сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бузурги Шумо мебошам”.
Номаҳои табрикотӣ ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз номи Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ворид гардидаанд.