https://sputnik.tj/20210909/mavqe-shsh-hukumati-nav-afghoniston-1042161359.html
Мавқеи СҲШ дар бораи ҳукумати нави Афғонистон маълум шуд
Мавқеи СҲШ дар бораи ҳукумати нави Афғонистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ваъда дод, ки иҷрои Толибон* ваъдаҳои баланд дар бораи ҳукумати Афғонистонро назорат хоҳад кард
2021-09-09T17:35+0500
2021-09-09T17:35+0500
2021-09-09T17:35+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
сҳш
толибон
мавқеъ
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_0:0:3080:1733_1920x0_80_0_0_ce190f0f2b3296cefb9007964b8346ba.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба корҳои СҲШ, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳукумати нави Афғонистон чӣ гуна муносибат мекунад. Вай қайд кард, ки бо маъмурияти нави Афғонистон робита вуҷуд надорад, ҳамаи музокирот аз ҷониби кишварҳо ба таври дуҷониба сурат мегиранд.Ҳакимов афзуд, ки эътирофи ҳукумати нави Толибон* ҳуқуқи шахсии ҳар як давлат аст. Намояндаи СҲШ қайд кард, ки созмон аз ҳалли сиёсӣ дар Афғонистон ҷонибдорӣ намуда, тарафдори раванди ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи миллатҳо мебошад.Вале, тавре ки Ҳакимов гуфт, бисёр чиз аз он вобаста хоҳад буд, ки Толибон* чӣ гуна кафолатҳо ва ваъдаҳои додашударо иҷро хоҳанд кард. Ҳоло ягон кишвар расман ҳукумати нави Толибон* -ро эътироф накардааст. Талаби калидие, ки намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон зикр кардаанд, таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. *ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210909/tojikiston-tolibon-kishvar-seum-panjsher-hamla-1042145428.html
https://sputnik.tj/20210908/hayratam-nigaroni-rahmon-homushi-jahon-afghoniston-1042122697.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_b77a1267cb15a5e451a67272b55bdbad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мавқеъи сҳш, афғонистон, сиёсат
мавқеъи сҳш, афғонистон, сиёсат
Мавқеи СҲШ дар бораи ҳукумати нави Афғонистон маълум шуд
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ваъда дод, ки иҷрои ваъдаҳои баланд дар бораи ҳукумати Афғонистон аз ҷониби Толибон* - ро назорат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба корҳои СҲШ, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳукумати нави Афғонистон чӣ гуна муносибат мекунад.
Вай қайд кард, ки бо маъмурияти нави Афғонистон робита вуҷуд надорад, ҳамаи музокирот аз ҷониби кишварҳо ба таври дуҷониба сурат мегиранд.
Ҳакимов афзуд, ки эътирофи ҳукумати нави Толибон* ҳуқуқи шахсии ҳар як давлат аст.
Намояндаи СҲШ қайд кард, ки созмон аз ҳалли сиёсӣ дар Афғонистон ҷонибдорӣ намуда, тарафдори раванди ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи миллатҳо мебошад.
Вале, тавре ки Ҳакимов гуфт, бисёр чиз аз он вобаста хоҳад буд, ки Толибон* чӣ гуна кафолатҳо ва ваъдаҳои додашударо иҷро хоҳанд кард.
Ҳоло ягон кишвар расман ҳукумати нави Толибон* -ро эътироф накардааст.
Талаби калидие, ки намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон зикр кардаанд, таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст.
*ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.