https://sputnik.tj/20210909/erdughon-rahmon-afghoniston-dastgiri-1042166461.html
Эрдуғон мавқеъи Раҳмонро дар баробари Афғонистон дастгирӣ кард
Эрдуғон мавқеъи Раҳмонро дар баробари Афғонистон дастгирӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Туркия ҳам мехоҳад, ки ҳукумати Афғонистон фарогир бошад
2021-09-09T20:00+0500
2021-09-09T20:00+0500
2021-09-09T20:00+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
туркия
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_0:0:2988:1682_1920x0_80_0_0_0a55d8de784bf67f6ae4feb000396b50.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат кишвардори Туркия Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати – 30-солагии истиқлолият табрик гуфт.Дар ин суҳбат масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.Сиёсатмадорон ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.Ҳамчунин, президентҳо дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима кардаанд.Кишвардорон ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба ба Тоҷикистон меояд.Сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210907/vaziri-turkiya-etirofi-hukumati-tolibon-shitob-1042102695.html
https://sputnik.tj/20210908/rahmon-afghoniston-mushkilot-1042137832.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_257:0:2988:2048_1920x0_80_0_0_478d1b8d1f59be1633843be4b8d5bd4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, тоҷикистон, раҳмон, мавқеъ,
туркия, тоҷикистон, раҳмон, мавқеъ,
Эрдуғон мавқеъи Раҳмонро дар баробари Афғонистон дастгирӣ кард
Туркия ҳам мехоҳад, ки ҳукумати Афғонистон фарогир бошад
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат кишвардори Туркия Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати – 30-солагии истиқлолият табрик гуфт.
Дар ин суҳбат масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Сиёсатмадорон ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
"Президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани як ҳукумати фарогирро бо ширкати намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистаанд ва ба зарурати расонидани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора кардаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, президентҳо дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима кардаанд.
Кишвардорон ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии КОВИД-19 дар аввалин фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба ба Тоҷикистон меояд.