https://sputnik.tj/20210908/mirziyoev-rahmon-30-sol-istiqlol-tabrik-1042139277.html
Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт
Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
2021-09-08T19:15+0500
2021-09-08T19:15+0500
2021-09-08T19:17+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
суҳбат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040133851_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7597c44062f7395be30ce9995da73d0e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Президенти Ӯзбакистон кишвардор ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар табрик гуфт.Мирзиёев ба мардуми Тоҷикистон — сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.Тибқи гузориши котиботи президент, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудаанду иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид кардаанд.Ҳамчунин, дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, кишвардорон идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20210907/suhbat-telefoni-rahmon-jinpin-1042107723.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040133851_345:0:3072:2045_1920x0_80_0_0_5ca7cdd0cc913456ef51fdd7e9b400cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, мирзиёев, суҳбат, табрикот, 30-соли истиқлол
раҳмон, мирзиёев, суҳбат, табрикот, 30-соли истиқлол
Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт
19:15 08.09.2021 (Навсозишуда: 19:17 08.09.2021) ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Президенти Ӯзбакистон кишвардор ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар табрик гуфт.
Мирзиёев ба мардуми Тоҷикистон — сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
Тибқи гузориши котиботи президент, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудаанду иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шудааст.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид кардаанд.
Ҳамчунин, дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, кишвардорон идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.