Суҳбати телефонии Раҳмон ва Си Ҷинпин: тафсилот

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Обуна шудан
Кишвардорон муносиботи ду кишвар ва амнияти минтақаю Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳур, раиси Чин ҳамтояш ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфтаасту Раҳмон барои ваксинаҳои сохти чинӣ алайҳи COVID - 19 изҳори сипос кардааст.
Дар ин суҳбат аз ҷумла масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардидаанд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр карда шуданд.
Первая официальная встреча талибов и китайских представителей в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Нахустин дидори расмии Толибон* ва намояндагони Чин дар Кобул
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди вазъ дар минтақа дар заминаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон табодули назар кардаанд.
"Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба сиёсатмадорон ба раёсати кунунии Тоҷикистон дар СҲШ ва Саммити қарибулвуқӯи Созмон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ кардаанд.
Си Ҷинпин нақши Раҳмонро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он ба таври хоса таъкид кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Чин Вэй Фэнхэ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Мулоқоти Раҳмон бо вазири мудофиаи Чин: аз ҳаводиси Афғонистон то нигаронии Тоҷикистон
Дар поёни суҳбат сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин мавқеи муштараки худро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Чин дар ҳама шаклҳо тасдиқ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0