Бо кумаки Дӯстум: Панҷшер ба Толибон “сюрприз”-и нохуш омода дорад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкМаршал Абдул-Рашид Дустум
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Афғонистон барои муқовимат бо Толибон* чораҳои нав меандешанд
ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Мақомоти собиқи афғон, ки режими Толибонро* намепазранд, барои дастгирии Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ як Шӯро таъсис хоанд дод.
Дар ин бора сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, Шӯро дар ояндаи наздик ташкил шаваду ҷамъ ояд.
"Роҳбарони сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Маршал Абдулрашид Дӯстум, ба зудӣ Шӯрои дастгирии Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро ташкил хоҳанд кард", - гуфт Ағбар.
Дипломати афғон таъкид кард, ки ӯ бо ҳукумати нави ҷумҳурӣ кор карданӣ нест, зеро он фарогир нест. Ҳоло ӯ дар Тоҷикистон муовини пешини ин кишвар Амрулло Солеҳро намояндагӣ хоҳад кард.
Ағбар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ҳайати девони Вазирони Афғонистонро, ки чанде пеш эълон шуда буд, эътироф накунанд.
Ато Муҳаммади Нур дар хатти набард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вокуниши Ато Муҳаммади Нур ба ҳукумати нави Толибон*
Илова бар ин, дар ин нишасти хабарӣ оқои Ағбар фирори Солеҳ ба Тоҷикистонро ҳангоми ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон* ба Панҷшерро рад кард ва ҳамчунин аз мудохила ба сиёсати дохилии кишвар аз сӯи Покистон ишора кард.
Қаблан нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуди маҷбур шуданд, ки ба кӯҳҳои дараи Панҷшер ақибнишинӣ кунанд.
Ағбар гуфт, ки аксари минтақаҳои вилоят таҳти назорати Ҷабҳаи Муқовимат қарор доранд.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0