https://sputnik.tj/20210907/vaz-nomusoid-marz-tojikiston-afghoniston-1042099000.html
Генерал гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон номусоид аст
Генерал гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон номусоид аст
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки вазъи ногувортарин дар минтақа дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба вуҷуд омадааст
2021-09-07T12:45+0500
2021-09-07T12:45+0500
2021-09-07T12:45+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
саад
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/12/1027221244_0:163:2897:1792_1920x0_80_0_0_f37405de81e6f17dedb18c0401e23e4d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо сабаби ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи номусоид ба вуҷуд меояд. Дар ин бора раҳбари ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни ифтитоҳи машқҳои дастаҷамъии нерӯҳои мустақими СААД дар Қирғизистон хабар дод. Ба гуфти Сидоров, вазъи номусоид дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва он дар пасманзари ишғоли қудрат аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рушд мекунад.Вай таъкид кард, ки дар минтақа сатҳи баланди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии мазҳабӣ нигоҳ дошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш ҷунбиши Толибон*, вориди Кобул шуданд. Пас аз он Толибон* эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд. Ҳоло Толибон* талош доранд, вилояти Панҷшери Афғонистонро, ки таҳти назорати онҳо нест, забт кунанд.* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210906/tolibon-tasis-hukumat-nav-elon-1042081595.html
https://sputnik.tj/20210907/jabha-muqovimat-hamla-tolibon-panjsher-1042096431.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/12/1027221244_144:0:2751:1955_1920x0_80_0_0_badbdea82b935d4a225183824399a5b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марзи тоҷикистон, сарҳад, афғонистон, номусоид, вазъ
марзи тоҷикистон, сарҳад, афғонистон, номусоид, вазъ
Генерал гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон номусоид аст
Раҳбари Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки вазъи ногувортарин дар минтақа дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо сабаби ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи номусоид ба вуҷуд меояд.
Дар ин бора раҳбари ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни ифтитоҳи машқҳои дастаҷамъии нерӯҳои мустақими СААД дар Қирғизистон хабар дод.
"Вазъи низомӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД печида боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Сидоров, вазъи номусоид дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва он дар пасманзари ишғоли қудрат аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рушд мекунад.
Вай таъкид кард, ки дар минтақа сатҳи баланди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии мазҳабӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш ҷунбиши Толибон*, вориди Кобул шуданд. Пас аз он Толибон* эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.
Ҳоло Толибон* талош доранд, вилояти Панҷшери Афғонистонро, ки таҳти назорати онҳо нест, забт кунанд.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.