Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* аз анҷоми таъсиси ҳукумати нав хабар доданд

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид
Представитель Талибана Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Сухангӯи Толибон* мегӯяд қарори ниҳоӣ дар бораи ҳукумати нави Афғонистон қабул шуд
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Сухангӯи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид гуфт, раванди қабули қарор дар бораи таъсиси ҳукумати нави Афғонистон ба анҷом расидааст, танҳо мушкилоти фаннӣ боқӣ мондааст, хабар медиҳад РИА Новости.
"Раванди қабули қарор дар бораи ташкили ҳукумат ба анҷом расид, танҳо қисми техникӣ боқӣ мемонад", - гуфт Муҷоҳид зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ рӯзи душанбе гуфт, ки ҳукумати нави Афғонистон пас аз чанд рӯз эълом хоҳад шуд ва қайд кард, ки ҳоло санаи дақиқ маълум нест.
Пештар хабар дода шуд, ки Афғонистонро шурое иборат аз 12 аъзо идора хоҳад кард. Толибон* пештар аз мувофиқа шудани 7 номзад хабар дода буданд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?
Онҳо гуфтанд Абдулғанӣ Бародар, Мулло Ёқуб, Халилраҳмон Ҳаққонӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, Ҳаниф Атмар ва Гулбеддин Ҳикматёр (раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон") аз аъзоёни он хоҳанд буд.
Як моҳ пеш Толибон* ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳамларо тақвият доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд.
Рӯзи дигар онҳо эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълом хоҳад шуд.
Повседневная жизнь в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Вазъи Панҷшер: суқут, идомаи муқовимат ва куштори панҷшериҳо
Шаби 31 август низомиёни ИМА аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро қатъ карданд.
Вазъи Панҷшер: суқут, идомаи муқовимат ва куштори панҷшериҳо
Рӯзи душанбе, 6 сентябр, Толибон* эълом карданд, ки Панҷшер охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифт.
Дар навбати худ, нерӯҳои муқовимати маҳаллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд хабарҳоро дар бораи забт шудани Панҷшер аз ҷониби Толибон* рад карданд.
* ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0