https://sputnik.tj/20210907/qabr-ahmadshoh-masud-tolibon-vayron-1042107383.html
Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд - акс
Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Толибон дар даргириҳои Панҷшер мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро хароб кардаанд.
2021-09-07T16:32+0500
2021-09-07T16:32+0500
2021-09-07T17:04+0500
афғонистон
панҷшер
аҳмадшоҳ масъуд
гурӯҳи террористии "толибон"
оромгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:97:1024:673_1920x0_80_0_0_5095de707ade4ca9da25520ed2bd96d0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Баъзе гузоришҳо дар бораи даргирии Толибон* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои Толибон* (мамнӯъ дар Русия) қабри қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.Тарафдорони нерӯҳои муқовимат аз ин иқдоми Толибон* интиқод карда, гуфтанд, ки "ин ҷанг барои чист?" Толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.Онҳо мегӯянд, ки 25 сол пеш, вақте Толибон* Мазори Шарифро ишғол карданд, аввалин талош ин буд, ки қабри Генерал Муминро бо булдозер хароб карда, ба дарёи Омӯ партофтанд.Қаблан низ Толибон* аксҳои қаҳрамони миллиро дар дигар манотиқ низ барчида ва ҳамзамон аксҳои дар санг ҳаккокикардаи Алишер Навоиро вайрон карда буданд.Толибон рӯзи душанбе (6 сентябр) иддао карданд, ки дафтари волии вилоят ва оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Панҷшерро забт кардаанд.Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер пурра таҳти назорати ин гуруҳ аст ва ҷанг дар хоки Афғонистон ба охир расидааст. Дар навбати худ, Аҳмад Масъуд эълом дошт, ки муқовимат алайҳи Толибон идома дорад ва аз ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон даъват кард, ки ба шӯриши миллӣ ҳамроҳ шаванд.Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи муборизони муқовимат баъдтар изҳор дошт, ки муқовимат дар ҳоли омодагӣ ба роҳандозии ҷангҳои чиррикӣ аст.
https://sputnik.tj/20210906/safir-aghbar-tolibon-rohbaron-1042032792.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913970_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_a22b5c9753e166c34b285cbb6b219daf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қабр, аҳмадшо масъуд, толибон*, хароб, акс
қабр, аҳмадшо масъуд, толибон*, хароб, акс
Қабри Аҳмадшоҳ Масъудро Толибон* хароб кардаанд - акс
16:32 07.09.2021 (Навсозишуда: 17:04 07.09.2021) Толибон дар даргириҳои Панҷшер мақбараи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро хароб кардаанд.
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Баъзе гузоришҳо дар бораи даргирии Толибон* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон медиҳанд, ки нерӯҳои Толибон* (мамнӯъ дар Русия) қабри қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро қисман хароб кардаанд.
Тарафдорони нерӯҳои муқовимат аз ин иқдоми Толибон* интиқод карда, гуфтанд, ки "ин ҷанг барои чист?" Толибон гузаштаро фаромӯш накардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки 25 сол пеш, вақте Толибон* Мазори Шарифро ишғол карданд, аввалин талош ин буд, ки қабри Генерал Муминро бо булдозер хароб карда, ба дарёи Омӯ партофтанд.
Қаблан низ Толибон* аксҳои қаҳрамони миллиро дар дигар манотиқ низ барчида ва ҳамзамон аксҳои дар санг ҳаккокикардаи Алишер Навоиро вайрон карда буданд.
Толибон рӯзи душанбе (6 сентябр) иддао карданд, ки дафтари волии вилоят ва оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Панҷшерро забт кардаанд.
Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер пурра таҳти назорати ин гуруҳ аст ва ҷанг дар хоки Афғонистон ба охир расидааст.
Дар навбати худ, Аҳмад Масъуд эълом дошт, ки муқовимат алайҳи Толибон идома дорад ва аз ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон даъват кард, ки ба шӯриши миллӣ ҳамроҳ шаванд.
Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи муборизони муқовимат баъдтар изҳор дошт, ки муқовимат дар ҳоли омодагӣ ба роҳандозии ҷангҳои чиррикӣ аст.