Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафир Ағбар: пирӯзиҳои "Толибон" аз хизматҳои Амрикост

© Sputnik / Амир ИсаевПолномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ ғосибонро қабул намекунад ва дастболоиҳои Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия)-ро аз хизматҳои Амрико медонад
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Кишвари Афғонистон, ки тайи солҳост дар оташи ҷанг месӯзад, баъди ҳодисаҳои моҳи август дубора дар сархати хабарҳои ҷаҳон ҷой гирифт.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯи Толибон гӯиё таърихи кишварро ба ду қисмат - "то" ва "баъд" тақсим кард.
Феълан сарнавишти ин кишвари ҷангдида норӯшан боқӣ мемонад. Садҳо ҳазор шаҳрвандаш баъди омадани толибон тарки ватан карданд, нафароне ки давлатро тасарруф намуданд, то ҳол натавонистанд пурра ҳайати ҳукуматашонро эълон кунанд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аз Карзай то Абдуллоҳу Бародар: 7 раҳбари Афғонистон маълум шуд - Нур ва Дӯстум чӣ?
Аз як тараф дар вилояти Панҷшер ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмади Масъуд ташкил шуд, Амруллоҳ Солеҳ, ноиби ҳамакнун собиқ раисҷумҳури давлати исломии Афғонистон худро роҳбари муваққатӣ эълон кард, Толибон* дар Кобул ва дигар минтақаҳои кишвар дар идораҳо, аз ҷумла арки раисҷумҳур ҷой гирифтаанд. Ва билохира эълон ҳам карданд, ки Панҷшерро низ тасарруф карданд. Новобаста аз ин, бештари сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунанд, аммо саволе матраҳ мешавад, ки онҳо кадом ҳукуматро намояндагӣ мекунанд?
Ин ва дигар суолҳои марбутро дар робита бо вазъи феълии кишвари ҳамсоя Sputnik Тоҷикистон дар мусоҳиба бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳамад Зоҳир Ағбар пурсон шуд.

"Толибон"* ба содагӣ ва осонӣ Ҳукуматро гирифтанд

Муҳаммад Зоҳир Ағбар мегӯяд, вазъи кишварро метавон ба се қисамт тақсим кард - кӯшиши идораи кишвар аз ҷониби Толибон*, кӯшиши муқовимат аз ҷониби ҷабҳаи Панҷшер ва кӯшиши фирори мардуми ҳаросзада.

"Тамоми ҳодисаҳои ахирро метавон бо ҳамин се чиз тасвир кард", - посух медиҳад сафир.

Аммо ӯ пеш аз он ки суоли "Толибон чигуна тавонистанд ҳукуматроба зудӣ соҳиб шаванд"-ро шунавад, мегӯяд, "ҷангҷӯёни толиб бисёр ба содагӣ ва осонӣ Афғонистонро ғасб карданд".
Ӯ "пирӯзӣ"-и ҷангҷӯёни толибро аз заиф шудани артиши давлат медонад, ба заифии нерӯҳои дохилӣ низ далелҳои худро дорад.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ағбар: Ашраф Ғанӣ ба додгоҳи байналмилалӣ кашида шавад - видео
Сафир Ағбар яке аз далелҳои дигарро аз заифии роҳбарии Ашраф Ғанӣ медонад. Ба гуфтаи вай, Ғанӣ Афғонистонро аз дохил намедонист. Таълимдида дар хориҷ буд ва бо дасти бегонаҳо ба сари мардуми Афғонистон таҳмил шуда буд ва дар интихобот мардум вайро баргузида набуданд.
"Артиши бештар аз 350 ҳазорнафараи Афғонистон, ки таълимдида ва муҷаҳҳаз бо муҳимот буд, пеш аз ҳама аз ҷониби Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирорӣ заиф карда шуд, рӯҳияи онҳо аз пайи ҳам таслим шудани вуласволиҳо шикаста мешуд, рафтани Амрико ва НАТО низ бемаҳал буд", - тавзеҳ медиҳад Муҳаммад Ағбар.

Ҷанги Афғонистон қавмист?

Бархе коршиносон иддао мекунанд, ки дар Афғонистон мушкилии аслии идораи давлат - қавмист. Гурӯҳе мехоҳад фишанги ҳукуматро дар қабзаи худ бигирад ва ба дигарон роҳ надиҳад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайшӣ тоҷиконро аз қисми бузурги қишри ҷомеаи Афғонистон унвон кард ва гуфт, "Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд".
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дарвозаи Панҷшер
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
“Дуздии сиёсӣ”: Панҷшер мехоҳад бо Толибон дар Тоҷикистон мулоқот кунад
Аммо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бар он аст, ки қавмгароӣ дар байни мардуми одӣ нест ва мушкилии аслӣ қавмӣ низ нест.

"Мо шоҳид будем, ки масалан Толибон* ба паштуҳо чӣ корҳоеро накарданд", - далел меорад вай.

Ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳайати имрӯзаи толибон танҳо аз паштуҳо ё онҳое ки аз хориҷ ворид шудаанд, иборат нестанд.
"Дар дохили онҳо тоҷикони маҳаллӣ, паштуҳо, ӯзбекон ва ҳазораҳову дигарон низ зиёд шудаанд", - мегӯяд вай.
Аммо тавре Ағбар меафзояд, "бештари роҳбарони Толибон* аз ҳафтсолагӣ аз оила ҷудо ва ба Покистон бурда шуда буданд ва таълими хориҷӣ гирифтаанд ва мағзшӯи шудаанд".
"Ман намехоҳам гурӯҳеро таблиғ ва ё сиёҳ кунам, аммо бояд гуфт, ки дар ҳайати Толибон низ ҳастанд роҳбароне, ки мақсадҳои нек доранд", - ғайричашмдошт изҳор медорад вай.
Дар ҳамин ҳол, пирӯз шудани толибро сафири афғон, бештар аз "хизмат"-и Амрико медонад.

"Ин Амрико буд, ки як гурӯҳи ҷангиро, ки террористӣ унвон мешуд, ба гурӯҳи сиёсӣ табдил дод. Бо ӯ сари музокирот нишаст ва дар мизи байналмилалӣ барояш минбар дод", -иддао мекунад Ағбар.

Ӯ даъвоҳоеро, ки "толибони имрӯза мисли 20 соли пеш нестанд, тағйир ёфтаанд, нарм шудаанд"-ро таблиғоте бештар намедонад.
Афганские женщины с плакатами, акция протеста в Герате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Занҳои афғон даст ба тазоҳурот заданд ва ба Толибон* шарт гузоштанд
"Асли воқеӣ далели баръаксро бозгӯӣ мекунад. Толибон* ҳамоно кӯдакону занонро мекушанд, дари мактабҳоро ба рӯи хонумҳо мебанданд, ба моли мардум чашм ало мекунанд, амнияти сокинон таъмин нест", - таъкид мекунад Муҳаммад Зоҳир.

Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер - исёни тамоми Афғонистон

Муҳаммад Зоҳир фирори Устод Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх, Маршал Дустумро ногузир медонад ва таъйид мекунад, ки онҳо қурбони "тавтеаи бузург шуданд".
Дар дохили Афғонистон мондани раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдулло Абдулло, собиқ раисҷумҳур Ҳомид Корзайро ҷасорат медонад. Ҳарчанд дар мавриди Ҳомид Корзай мегӯяд, "дар иштибоҳи бузурги таърихӣ - ба толибон роҳ додан дар даврони ҳукуматаш муҷрим аст". Пайвастани Амруллоҳ Солеҳро ба ҷабҳаи муқовимат дуруст ва саривақтӣ унвон мекунад.
Худи ҷабҳаи муқовиматро ба гуфтаи Ағбарро набояд кам дид.

"Ба ҳайати ҷабҳа қисми бузурги мардуми муборизи афғон шомиланд. Аммо ҷабҳа дар як минтақа маҳдуд нест. Ормони ҷабҳаи муқовимат - ормони тамоми мардуми озодихоҳи Афғонистон аст", - меафзояд вай.

Сафир дар мавриди Аҳмади Масъуд, "писари қаҳрамони миллии Афғонистон мегӯяд, ки ҳанӯз 2 сол қабл барои озодии мардуми кишвараш иқдом гирифта буд ва аз вай умеди калон дорад".
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Коршинос гуфт, чӣ гуна Панҷшер метавонад қудратро аз Толибон* бигирад
Муҳаммад Зоҳир таъкид мекунад, ки ҳоло вай намояндаи мардуми Афғонистон дар Тоҷикистон аст.
"Ҳукумати Толибонро то расман шинохта нашаванд, то он даме, ки як давлати ҳамашумули шомили намояндагони тамоми қавмиятҳову ҳизбҳои мавҷуда ташкил нашавад, то амнияту суботи мардуми кишвараш таъмин нагардад, мардумаш аз роҳи гурез аз ватан баргаштаву тавонанд дар Афғонистон ҳам бо худ зиндагӣ кунанд ва ҳам бо ҷомеаи байналмилалӣ, қабул нахоҳам кард", - меафзояд ӯ.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш мекунад, ки нисбати ҳодисаҳои Афғонистон бепарво набошанд, дар мусибате, ки ба сари мардум омадааст, онҳоро танҳо нагузоранд, магарам фоҷеаи Афғонистон ҷаҳонӣ хоҳад шуд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0