Теъдоди медалҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ИДМ ба 7 расид

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаи зӯрозмоии варзишгарони тоҷик дар чор рӯзи авалин Бозиҳои ИДМ гузориш дод
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Тайи чор рӯзи мусобиқот, ки дар шаҳри Қазони Русия идома доранд, варзишгарони тоҷик дар маҷмуъ 7 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 4 нуқра, 3 биринҷӣ мебошанд.
Аввалин Бозиҳои ИДМ расман 2 сентябр оғоз гардида, паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар куштии юнонӣ-римӣ 2 медал гирифтанд. Аз ҷумла Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило медали нуқра ва Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило медали биринҷиро соҳиб шуданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, 4 сентябр мусобиқаи куштии тарзи озод сурат гирифт, ки ду варзишгари Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кило ва Мустафо Ахмедов дар вазни 70 кило сазовори медали нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни то 75 кило соҳиб шуд.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Наврасҳои муштзани тоҷик аз Чемпионати Осиё бо 9 медал бармегарданд
Дар феҳрасти медалдорон инчунин паҳлавонҳои риштаи куштии камарбандӣ - Фирӯзҷон Зиёев (-68кг) ва Дилшод Қурбонов (-82кг) зикр шуданд, ки соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ дар якумин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз Тоҷикистон 51 варзишгар дар 11 намуди варзиш ширкат доранд.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бозиҳо умуман 1500 варзишгар аз 10 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0