https://sputnik.tj/20210830/navras-mushtzani-tojik-chempionati-osiyo-medal-1041972597.html
Наврасҳои муштзани тоҷик аз Чемпионати Осиё бо 9 медал бармегарданд
Наврасҳои муштзани тоҷик аз Чемпионати Осиё бо 9 медал бармегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё дар риштаи бокс миёни наврасон хабар дода, афзуд натиҷаҳои даври ниҳоӣ миёни ҷавонон шоми 30 август маълум мегарданд
2021-08-30T20:32+0500
2021-08-30T20:32+0500
2021-08-30T20:32+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
осиёи марказӣ
наврасон
бокс
осиё
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/19/1030061924_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_cc2c996539c090a1f42a795c6f392d03.png
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Дубай ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, қаҳрамонҳо миёни наврасон маълум шуданд. Дар даври ниҳоӣ миёни наврасон, Руслан Ғафуров дар вазни то 50 кило бо ҳариф аз Ӯзбекистон, Ҳоҷиакбар Маҳмудов вориди майдон шуда, шикаст хӯрд. Ғафуров медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард. Ҳашт варзишгари тоҷикистонӣ дар марҳилаҳои нимниҳоӣ шикаст хӯрда, соҳиби медали биринҷӣ шудаанд. Дар қатори барандаҳои медали биринҷӣ аз Тоҷикистон - Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) ном бурда шуданд. Кумитаи миллии олимпӣ зикр намуд, ки дар Чемпионати Осиё 152 наврас ва 141 ҷавон, дар маҷмуъ 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 давлат ширкат карданд. Соли равон бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал инчунин ҷоизапулӣ барои медали тилло 4 ҳазор доллар, медали нуқра 2 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 1 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифтанд.Дар сабқатҳо миёни наврасон, варзишгарони Ӯзбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ, муштзанҳои Қазоқистон 8 тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ ва варзишгарони Ҳиндустон 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 тилло, 2 биринҷиро соҳиб гаштаанд.
https://sputnik.tj/20190325/iob-va-boks-avvalin-dukhtari-iobpshe-ki-ba-maydoni-raobat-mebaroyad--1028543104.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/19/1030061924_45:0:934:667_1920x0_80_0_0_e9c560435898fe5c8dcd9544b1c8086d.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллии олимпӣ, бокс, осиё, варзиш
кумитаи миллии олимпӣ, бокс, осиё, варзиш
Наврасҳои муштзани тоҷик аз Чемпионати Осиё бо 9 медал бармегарданд
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё дар риштаи бокс миёни наврасон хабар дода, афзуд натиҷаҳои даври ниҳоӣ миёни ҷавонон шоми 30 август маълум мегарданд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Дубай ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, қаҳрамонҳо миёни наврасон маълум шуданд.
Дар даври ниҳоӣ миёни наврасон, Руслан Ғафуров дар вазни то 50 кило бо ҳариф аз Ӯзбекистон, Ҳоҷиакбар Маҳмудов вориди майдон шуда, шикаст хӯрд. Ғафуров медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард.
Ҳашт варзишгари тоҷикистонӣ дар марҳилаҳои нимниҳоӣ шикаст хӯрда, соҳиби медали биринҷӣ шудаанд. Дар қатори барандаҳои медали биринҷӣ аз Тоҷикистон - Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) ном бурда шуданд.
Кумитаи миллии олимпӣ зикр намуд, ки дар Чемпионати Осиё 152 наврас ва 141 ҷавон, дар маҷмуъ 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 давлат ширкат карданд.
Соли равон бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал инчунин ҷоизапулӣ барои медали тилло 4 ҳазор доллар, медали нуқра 2 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 1 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифтанд.
Дар сабқатҳо миёни наврасон, варзишгарони Ӯзбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ, муштзанҳои Қазоқистон 8 тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ ва варзишгарони Ҳиндустон 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 тилло, 2 биринҷиро соҳиб гаштаанд.