Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ағбар: Ашраф Ғанӣ ба додгоҳи байналмилалӣ кашида шавад - видео

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Ашраф Ғаниро тарроҳи таслим кардани ҳукумати Афғонистон ба Толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон) медонад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон шадидан фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистонро маҳкум мекунад ва суқути кишварашро аз нақшаҳои пешакӣ тарҳрезикардаи Ғанӣ медонад.
Ағбар дар мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷик Нилуфари Азиз дар Душанбе таъкид кардааст, ки собиқ раисҷумҳур "нахуст ба мардуми кишвараш хиёнат кард, сипас нақшаи фирорро кашид, ки ҳатто муовинонаш аз он хабар надоштанд".
"Биноан, доктор Ашраф Ғанӣ дар ҳаққи мардум ҷафо кард. Ӯ бидуни машварат бо муовинони худ, вазирон, амният ва мардуми Афғонистон фирор намуд", - таъкид кард ӯ.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Ашраф Ғанӣ ҷояшро гуфту эълон кард, ки ба Афғонистон бармегардад - видео
Ба қавли Ағбар, "Ғанӣ программаи таслим кардани Афғонистонро ба толибон хело қабл тарҳрезӣ карда буд".
Муҳаммад Зоҳир таъкид мекунад, ки артиши кишвараш 350 ҳазор нуфуз дошт, таълимдида ва ҷангдида буд ва намебоист ба ин ҳолат Афғонистонро таслим кунад. Ӯ заифии артишро низ ҷурми раисҷумҳури собиқ медонад.
"Ғанӣ танҳо ба Афғонистон хиёнат накард, балки артиши кишварро заиф намуд", - мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин Ағбар изҳороти ахири Ғаниро, ки бурдани миллионҳо долларро аз Афғонистон рад карда буд, такзиб мекунад. Ӯ мегӯяд, Ғанӣ нақшаи фирорро хело хуб кашида буд, ҳатто тавонист бо худ 50 тан ҳаммаслаконашро барад.

"Ғанӣ дар мусоҳиба гуфт, ки ман бо як куртаи танам берун шудам, ӯ 50 нафареро ки бо худ бурд, аз куҷо пайдо кард, ҳавопайморо кай омода намуд?", - савол мегузорад сафир.

Ағбар ба р он аст, ки собиқ раисҷумҳур маблағҳоро пешакӣ ба хориҷ ирсол намуда буд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш дорад, ки собиқ раисҷумҳури Афғонистон барои хиёнат дар назди мардуми кишвар таъқиб ва ба додгоҳ кашад.
"Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақорзо мекунам, ки Ғаниро зери таъқиб қарор дода, ӯро ба маҳкамаи байналмилалӣ бикашанд", - таъкид мекунад вай.
Ашраф Ғанӣ баъди чанд рӯзи хомӯшӣ шоми 18 август тариқи як тамоси видеоӣ бо мардуми кишвараш фирорашро шарҳ дод. Ғанӣ дар пахши мустақим гуфт, Толибон ва ҳамкорони дохилию хориҷияшон талаб доштанд, ки то замоне ӯ дар Кобул ҳаст, роҳи мусолиматомез нахоҳад буд.
Ғанӣ фирораш барои манфиати молию ҳифзи ҷони худро рад кард. Ӯ гуфт, бо як пироҳан тарки ватан карду бузургтарин сармояи зиндагияш, китобҳояшро низ натавонист бо худ бигирад.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико
“Қасди фарор надорам. Феълан дар Иморот астам, то аз хунрезӣ ҷилавгирӣ шуда бошад. Ҳамин ҳоло дар машвара астам, то ба Афғонистон баргардам ва ба талошҳо барои таъмини адолат, ҳокимияти афғонҳо, барои арзишҳои воқеии исломию миллии мардуми Афғонистон бо ҳам мубориза кунем”, - таъкид намуд Ғанӣ.
Ба нақли Ғанӣ, дақиқаҳо баъди баромаданаш аз Кобул, Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки бо забонҳои роиҷ дар Афғонистон балад набуданд, вориди Арк шуданду утоқ ба утоқ гашта, ӯро меҷустанд.
Оё Русия ба Афғонистон низомиёнашро мефиристад: посухи Вазорати хориҷа
Ғанӣ рӯзи 15 август дар ҳоле ки Толибон дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу ватан унвон карданд.
Дар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Оман гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.
Лентаи хабарҳо
0