https://sputnik.tj/20210420/jahon-dar-kanori-varta-1038855789.html
Ҷаҳон дар варта қарор дорад: дабири кулли СММ
Ҷаҳон дар варта қарор дорад: дабири кулли СММ
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо Reuters гуфт, ки ҷаҳон дар канори варта қарор дорад.
2021-04-20T19:10+0500
2021-04-20T19:10+0500
2021-04-20T19:37+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
смм
пешгӯӣ
гармшавӣ
антонио гутерриш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо Reuters гуфт, ки ҷаҳон дар канори варта қарор дорад. Ба гуфти ӯ, Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO) гузоришеро пешниҳод кард, ки тибқи он соли 2020 яке аз се соли гармтарин сабт шуд, ки бо оташсӯзӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии пиряхҳо қайд шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки ин "зарбаи такрорӣ" барои миллионҳо одамоне мебошад, ки аз ҳаводиси шадиди иқлим азият мекашанд.Тибқи мушоҳидаҳои Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO), ҳарорати миёнаи ҳаво дар соли 2020 назар ба давраи пеш аз индустриалӣ тақрибан 1,2 дараҷа баландтар буд, ки ин ба сарфи назар аз хунуккунӣ, имкон дод, ҳамроҳ бо солҳои 2016 ва 2019 ба се соли гармтарин дохил шавад. Дар байни нишондиҳандаҳои қайдшуда, сатҳи пасти яхи баҳр дар Арктика дар давоми ду моҳи соли 2020 қайд шудааст.Дар соли гузашта тақрибан 80 фоизи уқёнусҳо ҳадди аққал як мавҷи гармии баҳрро аз сар гузаронидаанд. Гутерриш пешвоёни ҷаҳонро даъват кард, ки бо ин санад ошно шаванд ва гуфт, ки соли 2021 бояд дар таърихи инсоният соли муҳимтарин бошад, то тағирёбии бебозгашти иқлим пешгирӣ шавад.
https://sputnik.tj/20190615/Rahmon-afsurdagi-Tuskro-az-didan-Sarez-dar-sukhanroniash-tasdiq-kard-1029166695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, антонио гутерриш, варта, гармшавии иқлим
смм, антонио гутерриш, варта, гармшавии иқлим
Ҷаҳон дар варта қарор дорад: дабири кулли СММ
19:10 20.04.2021 (Навсозишуда: 19:37 20.04.2021) Антонио Гутерриш мегӯяд, соли гузашта яке аз се соли гармтарин дар таърих гардид, ки бо оташсӯзии ҷангалҳо, хушксолӣ, обхезиҳо ва обшавии пиряхҳо қайд шуд
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо
Reuters гуфт, ки ҷаҳон дар канори варта қарор дорад.
Ба гуфти ӯ, Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO) гузоришеро пешниҳод кард, ки тибқи он соли 2020 яке аз се соли гармтарин сабт шуд, ки бо оташсӯзӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии пиряхҳо қайд шудааст.
"Инсоният дар канори варта қарор дорад. Мо бар асари гармшавии глобалӣ сатҳи рекордии тӯфони тропикӣ, сӯхторҳои ҷангал об шудани яхҳо ё пиряхҳоро мушоҳида мекунем. Яъне, мо ба ҳадди хатарноки 1,5 дараҷа наздик мешавем, ки аз ҷониби ҷомеаи илмӣ, муайян шудааст", - гуфт ӯ.
Дар ин гузориш омадааст, ки ин "зарбаи такрорӣ" барои миллионҳо одамоне мебошад, ки аз ҳаводиси шадиди иқлим азият мекашанд.
Тибқи мушоҳидаҳои Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ (WMO), ҳарорати миёнаи ҳаво дар соли 2020 назар ба давраи пеш аз индустриалӣ тақрибан 1,2 дараҷа баландтар буд, ки ин ба сарфи назар аз хунуккунӣ, имкон дод, ҳамроҳ бо солҳои 2016 ва 2019 ба се соли гармтарин дохил шавад.
Дар байни нишондиҳандаҳои қайдшуда, сатҳи пасти яхи баҳр дар Арктика дар давоми ду моҳи соли 2020 қайд шудааст.
Дар соли гузашта тақрибан 80 фоизи уқёнусҳо ҳадди аққал як мавҷи гармии баҳрро аз сар гузаронидаанд.
Гутерриш пешвоёни ҷаҳонро даъват кард, ки бо ин санад ошно шаванд ва гуфт, ки соли 2021 бояд дар таърихи инсоният соли муҳимтарин бошад, то тағирёбии бебозгашти иқлим пешгирӣ шавад.