https://sputnik.tj/20210905/masud-farmondehon-senyabr-kobul-fath-1042069351.html
Аҳмади Масъуд ба фармондеҳон: “То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем”
Аҳмади Масъуд ба фармондеҳон: “То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем”
Sputnik Тоҷикистон
Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, як ҷаласаи васеъе аз фармондеҳонашро баргузор кард
2021-09-05T17:42+0500
2021-09-05T17:42+0500
2021-09-07T18:10+0500
афғонистон
ҷанг
панҷшер
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002737_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_220ecab80045e3e4ef10e92e1f32b92d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Ин ҷаласа пас аз намози зуҳри имрӯз, 5 сентябр, дар деҳаи Бозорак, маркази вилояти Панҷшер бо иттифоқи фармондеҳон ва бузургони маҳал баргузор шуд. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли ширкаткунандагони ин ҷаласа хабар дод, ки Аҳмади Масъуд аз нерӯҳояш хостааст, бо асирон рафтор инсонӣ намуда, нону обашонро бо онҳо тақсим ва захмиҳои “Толибон*” - ро то ҳадди тавон мудово кунанд. Бино ба бархе гузоришҳо, аз ин теъдод асирон ҳудуди 600 нафар атбоъи Покистонанд. Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ аз Кобул мерасанд, ки “Толибон*” дар посгоҳҳои масири Шимолӣ ва Кобул ҷавонон ва миёнсолони панҷшериро гаравгон мегиранд, то онҳоро бо асирони худ дар Панҷшер мубодила кунанд. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз фиристода шудани нерӯҳои тозанафас бо ҳудуди 250 мошини ҷангии “Толибон*” ба Панҷшер хабар дода, гуфтааст, ки нигарони ин мошинҳо нашаванд, чун онҳоро мебаранд, то ҳамроҳи сари худашон ба нерӯҳои муқовимат таҳвил бидиҳанд. “Садҳо тан аз толибони Бадахшон бо Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон пайвастаанд. Ин далели резиши ташкилотӣ ва низомии “Толибон*” ба нафъи мост”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд. Вай аз нерӯҳои худ хостааст, дар муқобила бо душман рӯҳия баланд дошта бошанд ва бо хуну сарнавишти онҳо ҳаргиз муомила намешавад. “Дар аксар вилоёт бо қумондонони ҷиҳодӣ ва мардумӣ сӯҳбат ва ҳамоҳангӣ шудааст. Ба зудӣ қиёми миллӣ болои “Толибон*” аз чандин нуқта оғоз мешавад. Шумо шоҳид хоҳед буд, ки дар 18 сунбула (9 сентябр) мо Кобулро ба тасарруфи худ хоҳем дошт”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд. Вай аз ҷонибдорони худ хостааст, ки нигарони вазъи иҷтимоӣ набошанд, зеро Тоҷикистон ва Фаронса ба зудтарин фурсат кӯмакҳои башардӯстона ба Панҷшер мефиристанд. Як ҳафта аст, ки дараи Панҷшер майдони набардҳои хунин миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ва “Толибон*” – у созмонҳои террористӣ, назири “Ал-қоида”, шудааст. Бино ба додаҳои гуногун, теъдоди кушташудагон аз миёни нерӯҳои “Толибон*”-у шариконашон аз марзи 1000 нафар гузаштааст. Бархе манобеъ талафоти онҳоро аз ин ҳам зиёд ҳисоб мекунанд, аммо санҷидани дурустии ин омор имкон надорад.* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210905/shikast-tolibon-panjsher-bozdosht-panjsheriho-1042063977.html
https://sputnik.tj/20210904/firor-tolibon-az-panjsher-1042061595.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042002737_172:216:2615:2048_1920x0_80_0_0_202494291b6e1732324136993bab4a73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масъуд, фармондеҳон, сенябр, кобул, фатҳ
масъуд, фармондеҳон, сенябр, кобул, фатҳ
Аҳмади Масъуд ба фармондеҳон: “То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем”
17:42 05.09.2021 (Навсозишуда: 18:10 07.09.2021) Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, як ҷаласаи васеъе аз фармондеҳонашро баргузор кард
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Ин ҷаласа пас аз намози зуҳри имрӯз, 5 сентябр, дар деҳаи Бозорак, маркази вилояти Панҷшер бо иттифоқи фармондеҳон ва бузургони маҳал баргузор шуд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли ширкаткунандагони ин ҷаласа хабар дод, ки Аҳмади Масъуд аз нерӯҳояш хостааст, бо асирон рафтор инсонӣ намуда, нону обашонро бо онҳо тақсим ва захмиҳои “Толибон*” - ро то ҳадди тавон мудово кунанд.
“Асирони хориҷӣ, бахусус покистонӣ дар ҷамъи асирон хеле зиёданд. Дақиқ 1340 тан назди мо асиранд, ки дар миёни онон покистонӣ ва араб ҳам мавҷуд аст”, - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Бино ба бархе гузоришҳо, аз ин теъдод асирон ҳудуди 600 нафар атбоъи Покистонанд. Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ аз Кобул мерасанд, ки “Толибон*” дар посгоҳҳои масири Шимолӣ ва Кобул ҷавонон ва миёнсолони панҷшериро гаравгон мегиранд, то онҳоро бо асирони худ дар Панҷшер мубодила кунанд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз фиристода шудани нерӯҳои тозанафас бо ҳудуди 250 мошини ҷангии “Толибон*” ба Панҷшер хабар дода, гуфтааст, ки нигарони ин мошинҳо нашаванд, чун онҳоро мебаранд, то ҳамроҳи сари худашон ба нерӯҳои муқовимат таҳвил бидиҳанд.
“Садҳо тан аз толибони Бадахшон бо Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон пайвастаанд. Ин далели резиши ташкилотӣ ва низомии “Толибон*” ба нафъи мост”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.
Вай аз нерӯҳои худ хостааст, дар муқобила бо душман рӯҳия баланд дошта бошанд ва бо хуну сарнавишти онҳо ҳаргиз муомила намешавад.
“Дар аксар вилоёт бо қумондонони ҷиҳодӣ ва мардумӣ сӯҳбат ва ҳамоҳангӣ шудааст. Ба зудӣ қиёми миллӣ болои “Толибон*” аз чандин нуқта оғоз мешавад. Шумо шоҳид хоҳед буд, ки дар 18 сунбула (9 сентябр) мо Кобулро ба тасарруфи худ хоҳем дошт”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.
Вай аз ҷонибдорони худ хостааст, ки нигарони вазъи иҷтимоӣ набошанд, зеро Тоҷикистон ва Фаронса ба зудтарин фурсат кӯмакҳои башардӯстона ба Панҷшер мефиристанд.
Як ҳафта аст, ки дараи Панҷшер майдони набардҳои хунин миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ва “Толибон*” – у созмонҳои террористӣ, назири “Ал-қоида”, шудааст. Бино ба додаҳои гуногун, теъдоди кушташудагон аз миёни нерӯҳои “Толибон*”-у шариконашон аз марзи 1000 нафар гузаштааст.
Бархе манобеъ талафоти онҳоро аз ин ҳам зиёд ҳисоб мекунанд, аммо санҷидани дурустии ин омор имкон надорад.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст