https://sputnik.tj/20210904/firor-tolibon-az-panjsher-1042061595.html
"Ба дом афтоданд": фирори "Толибон"* аз Онобаи Панҷшер
"Ба дом афтоданд": фирори "Толибон"* аз Онобаи Панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
Неруҳои ҳаракати "Толибон"* дар вулусволии Онобаи Панҷшер ба як муқовимати шадид дучор омада, бо додании садҳо кушта тарки дара кардаанд
2021-09-04T20:15+0500
2021-09-04T20:15+0500
2021-09-04T20:15+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
панҷшер
фирор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_e313dec082c87b4e21db09e79f462db6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар як навори видеоӣ ҳам фирори онҳо аз дара аз сӯи сокинони маҳал сабт шудааст. Қаблан онҳо хабар дода буданд, ки шаҳраки Руха, маркази вилояти Панҷшерро низ ишғол кардаанд. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон ба нақли қавл аз Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, гуфтанд, ки "Толибон"* аз қисмати ғарбии дара, тариқи Даҳанаи Панҷшер ва Дурбанди вилояти Кописо вориди дара шуда, то вулусволии Оноба, 20 – километрии шаҳраки Руха наздик омада буданд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон аз миёни "Толибон"* дар ин даргириҳо аз марзи 500 нафар гузашта, ҳудуди 100 нафар низ асир афтодаанд. Талафоти ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат хеле кам арзёбӣ мешавад, ки аксарият захамҳои сабук бардоштаанд. Фирори "Толибон"* аз Панҷшер дар навори як сокини шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон сабт шудааст, ки бино ба он, корвони мошинҳои ҷангиёни толиб аз роҳи хуруҷии дараи Панҷшеру тариқи дарвозаи вурудии шаҳри Гулбаҳор ба самти Ҷабалуссироҷ ҳаракат доранд. Дар ҳамин ҳол, ҷангҳо дар вулусволии болоии Панҷшер – Париён идома дошта, "Толибон"* ҳудуди 5 километр қафо зада шудаанд ва дар деҳаи Дашти Ревати ин вулусволӣ идома доранд. Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"Манобеъ мегӯянд, ин шаб сарнавишти ҷанги Панҷшер маълум хоҳад шуд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210904/shahid-shavem-hama-donand-murojiat-ahmad-masud-1042059238.html
https://sputnik.tj/20210904/panjsher-kase-firor-nakardaast-muqovimat-idoma-1042059010.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_379:236:2794:2048_1920x0_80_0_0_d7e57915d468d6c1582a8246e48d0c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фирори "толибон"*, панҷшер, афғонистон
фирори "толибон"*, панҷшер, афғонистон
"Ба дом афтоданд": фирори "Толибон"* аз Онобаи Панҷшер
Неруҳои ҳаракати "Толибон"* дар вулусволии Онобаи Панҷшер ба як муқовимати шадид дучор омада, бо додании садҳо кушта тарки дара кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар як навори видеоӣ ҳам фирори онҳо аз дара аз сӯи сокинони маҳал сабт шудааст. Қаблан онҳо хабар дода буданд, ки шаҳраки Руха, маркази вилояти Панҷшерро низ ишғол кардаанд.
Манобеъи
Sputnik Тоҷикистон ба нақли қавл аз Гулҳайдархон, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, гуфтанд, ки "Толибон"* аз қисмати ғарбии дара, тариқи Даҳанаи Панҷшер ва Дурбанди вилояти Кописо вориди дара шуда, то вулусволии Оноба, 20 – километрии шаҳраки Руха наздик омада буданд.
"Дар ин ҷо онҳо ба камини нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии фармондеҳон Гулҳайдархон ва Баҳлул бархӯрданд ва ғофилгир шуданд. Онҳо дар муҳосира афтода, сардаргум шуданд, чун ҷуғрофиёро намедонистанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, теъдоди кушташудагон аз миёни "Толибон"* дар ин даргириҳо аз марзи 500 нафар гузашта, ҳудуди 100 нафар низ асир афтодаанд.
Талафоти ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат хеле кам арзёбӣ мешавад, ки аксарият захамҳои сабук бардоштаанд.
Фирори "Толибон"* аз Панҷшер дар навори як сокини шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон сабт шудааст, ки бино ба он, корвони мошинҳои ҷангиёни толиб аз роҳи хуруҷии дараи Панҷшеру тариқи дарвозаи вурудии шаҳри Гулбаҳор ба самти Ҷабалуссироҷ ҳаракат доранд.
Дар ҳамин ҳол, ҷангҳо дар вулусволии болоии Панҷшер – Париён идома дошта, "Толибон"* ҳудуди 5 километр қафо зада шудаанд ва дар деҳаи Дашти Ревати ин вулусволӣ идома доранд.
Манобеъ мегӯянд, ин шаб сарнавишти ҷанги Панҷшер маълум хоҳад шуд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар