https://sputnik.tj/20210904/tolibon-panjsher-zabt-nahohand-1042055161.html
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Собиқадори ҷанги Афғонистон Игор Ямшиков гуфт, ки чаро Толибон* наметавонанд охирин вилояти кишварро забт кунанд. 04.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-04T14:06+0500
2021-09-04T14:06+0500
2021-09-04T20:11+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
толибон
панҷшер
таслим
аҳмад
масъуд аҳмад
забт кард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_0:0:3080:1733_1920x0_80_0_0_ce190f0f2b3296cefb9007964b8346ba.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Вилояти Панҷшер ҳеҷ гоҳ ба Толибон* таслим нахоҳад шуд, мегӯяд Игор Ямшиков, раҳбари созмони минтақавии Ярославл "Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон".Раиси созмони куҳансарбозон дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки сокинони ин вилоят хуб мусаллаҳанд ва ба марг омодаанд, аммо ба ҳукумати нави кишвар итоат нахоҳанд кард.Ба гуфти коршинос, қувваҳои муқовиматро на бо мошинҳои зиреҳпӯш ё чархболҳо мағлуб кардан мумкин нест - дар вилоят миқдори зиёди аслиҳа ҷамъ оварда шудааст, ки ба сокинони маҳаллӣ имкон медиҳад, муқовимати шоиста нишон диҳанд. Толибон* барои шикасти муқовимати сокинони маҳаллӣ на одам ва на таҷҳизоти кофӣ надоранд.Игор Ямшиков аз моҳи декабри 1982 то марти 1983 дар Панҷшер ба ҳайси афсар хидмат карда буд. Қаблан мақомоти Толибон* гуфта буданд, ки рӯзҳои наздик Панҷшерро ишғол хоҳанд кард. Вале то ҳол Ҷабҳаи муқовимат бо онҳо даргир аст. Ёдовар мешавем, ки вазъи Афғонистон дар робита бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар якбора бад шуд. Миёнаҳои август Толибон* қариб тамоми қаламрави кишварро ишғол намуда, вориди Кобул шуданд. Раҳмон ба Масъуду Раббонӣ ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I додПрезидент Ашраф Ғанӣ "барои пешгирӣ аз куштор" аз кишвар фирор кард. Феълан Панҷшер ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* аст.*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210904/halokati-hangomi-tirparoni-kobul-piruzi-panjsher-1042054576.html
https://sputnik.tj/20210904/ahmadjon-masud-utod-ato-tolibon-hushdor-1042052987.html
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_b77a1267cb15a5e451a67272b55bdbad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, толибон, панҷшер, таслим, аҳмад, масъуд аҳмад, забт кард
амният ва мудофиа, толибон, панҷшер, таслим, аҳмад, масъуд аҳмад, забт кард
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
14:06 04.09.2021 (Навсозишуда: 20:11 04.09.2021) Собиқадори ҷанги Афғонистон Игор Ямшиков гуфт, ки чаро Толибон* наметавонанд охирин вилояти кишварро забт кунанд.
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Вилояти Панҷшер ҳеҷ гоҳ ба Толибон* таслим нахоҳад шуд, мегӯяд Игор Ямшиков, раҳбари созмони минтақавии Ярославл "Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон".
Раиси созмони куҳансарбозон дар мусоҳиба бо
РИА Новости гуфт, ки сокинони ин вилоят хуб мусаллаҳанд ва ба марг омодаанд, аммо ба ҳукумати нави кишвар итоат нахоҳанд кард.
"Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард. Мардум ба онҳо иҷоза намедиҳанд. На Толибон*, на амрикоиҳо ва ҳеҷ кас. Азбаски ман худам дар Панҷшер будам, мо дар он ҷо ҷанг кардем, ман медонам, ки он ҷо чӣ мегузарад. Бояд дарк кард, ки Панҷшер сайёраи алоҳида аст дар дохили Афғонистон аст. Онҳо фанатикони девона нестанд, онҳо одамоне ҳастанд, ки фалсафа ва психологияи комилан дигар доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ Панҷшерро таслим нахоҳанд кард", - гуфт Ямшиков.
Ба гуфти коршинос, қувваҳои муқовиматро на бо мошинҳои зиреҳпӯш ё чархболҳо мағлуб кардан мумкин нест - дар вилоят миқдори зиёди аслиҳа ҷамъ оварда шудааст, ки ба сокинони маҳаллӣ имкон медиҳад, муқовимати шоиста нишон диҳанд.
Толибон* барои шикасти муқовимати сокинони маҳаллӣ на одам ва на таҷҳизоти кофӣ надоранд.
"Аҳмад Масъуди хурдӣ ҳеҷ гоҳ таслим намешавад ва намегурезад, зеро ӯ писари Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Баръакс, вай дар лаҳзаи душвортарин ба он ҷо расид", - таъкид кард коршинос.
Игор Ямшиков аз моҳи декабри 1982 то марти 1983 дар Панҷшер ба ҳайси афсар хидмат карда буд.
Қаблан мақомоти Толибон* гуфта буданд, ки рӯзҳои наздик Панҷшерро ишғол хоҳанд кард. Вале то ҳол Ҷабҳаи муқовимат бо онҳо даргир аст.
Ёдовар мешавем, ки вазъи Афғонистон дар робита бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар якбора бад шуд. Миёнаҳои август Толибон* қариб тамоми қаламрави кишварро ишғол намуда, вориди Кобул шуданд.
Президент Ашраф Ғанӣ "барои пешгирӣ аз куштор" аз кишвар фирор кард.
Феълан Панҷшер ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* аст.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар