Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҳалокати ҳадди ақал 17 нафар ҳангоми тирпаронӣ дар Кобул барои пирӯзӣ дар Панҷшер

© AFP 2023 / Wakil KohsarМедики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле
Медики помогают пострадавшим от двух мощных взрывов, произошедших в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Обуна шудан
Дар тирпарронии шоми 3 сентябр ба ҳаво дар Кобул, ки ҷангиёни Толибон* бахшида ба пирӯзияшон дар Панҷшер анҷом доданд, ҳадди ақал 17 нафар кушта шудаанд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ҳадди ақал 17 нафар кушта ва 41 нафар маҷруҳ гардиданд, хабар дод РИА Новости бо такя ба манобеяш дар хадамоти ёрии таъҷилии Кобул. Ба иттилои манбаъ, ин афрод дар пайи тирпарронии идонаи Толибон* ба муносибати пирӯзии эълонкардаашон дар Панҷшер, маҷруҳ ва қурбон шудаанд.
Қаблан намояндагони Толибон* эълон карданд, ки бо ҳамин шева ҷангиён пирӯзияшонро дар Панҷшер таҷлил карданд ва мардумро ором сохтанд, ки ҷангиён сӯи ҳаво тир холӣ кардаанд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
“Аҳмадҷони Масъуд, танҳо нестӣ”: Устод Ато ба “Толибон”* ҳушдор дод
Мақомдорони ҳаракат изҳор доштанд, ин амали ҷангиён хилофи меъёрҳояшон буда, ваъда доданд, ки барои ин амал дастандаркоронро муҷозот мекунанд. Дар пасманзари нигарониҳои мардум, Толибон* гуфтанд, бо дастури Муҳаммад Яъқуб, ноиби роҳбари ин ҳаракат, ҳар ҷангие, ки сӯи ҳаво тир холӣ мекунад, бо силоҳаш гирифта мешаваду мавриди муҷозот қарор мегирад.
Панҷшер феълан ягона аз 34 вилояти Афғонистон мебошад, ки таҳти тасаллути Толибон* қарор надорад. Ахиран ҷангиёни ин ҳаракат аз зери назорати худ гирифтани қисми зиёди қаламрави Панҷшер хабар доданд, аммо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат изҳор доштанд, ки каме ақибнишинӣ сурат гирифтаст, то нерӯҳо дар мавқеи мусоидтаре ҷой бигиранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0