https://sputnik.tj/20210904/tolibon-nohiya-panjsher-nazorat-1042055028.html
Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд
Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон* эълон карданд, ки чор ноҳияи Панҷшерро ғасб карда, феълан таҳти назорат доранд
2021-09-04T12:56+0500
2021-09-04T12:56+0500
2021-09-15T14:37+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
панҷшер
ғасб
кишвар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042077446_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_ab3df36a27d2b02915d432e3a03ec919.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Билол Каримӣ, намояндаи Толибон* эълон кард, ду ноҳияи дигари Панҷшерро бе зери назорати худ гирифтанд. Каримӣ дар саҳифааш дар Twitter навиштааст, ки ахиран ду ноҳия, аз ҷумла Хинҷро, ки аз нигоҳи стратегӣ муҳимтарин аст, гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, феълан чор ноҳияи Панҷшер - Шутeл, Оноба, Париён ва Хинҷ зери назорати Толибон* қарор дошта, ҷангиёни ин ҳаракат сӯи марказ равонанд. Вилояти Панҷшер ҳамагӣ ҳафт вулусволӣ дорад, ки Париён, Хинҷ, Дара, Бозорак, Руха, Шутул ва Оноба мебошанд. Ҷабҳаи муқовимат ғасби чор ноҳияро аз сӯи Толибон* ҳанӯз тасдиқ накардааст. Иттилоҳои қаблии Толибонро дар мавриди ғасби Панҷшер ҷабҳаи муқовимати миллӣ пропоганда хонда буд. Ин вилоят дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти озод аз султаи “Толибон”* аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар он марказият дорад.Панҷшер масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст.*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210904/halokati-hangomi-tirparoni-kobul-piruzi-panjsher-1042054576.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042077446_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_02634bbd7208f85ef161591b2f48fc42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, панҷшер, ғасб, назорат
толибон, панҷшер, ғасб, назорат
Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд
12:56 04.09.2021 (Навсозишуда: 14:37 15.09.2021) Толибон* эълон карданд, ки чор ноҳияи Панҷшерро ғасб карда, феълан таҳти назорат доранд
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Билол Каримӣ, намояндаи Толибон* эълон кард, ду ноҳияи дигари Панҷшерро бе зери назорати худ гирифтанд. Каримӣ дар саҳифааш дар
Twitter навиштааст, ки ахиран ду ноҳия, аз ҷумла Хинҷро, ки аз нигоҳи стратегӣ муҳимтарин аст, гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан чор ноҳияи Панҷшер - Шутeл, Оноба, Париён ва Хинҷ зери назорати Толибон* қарор дошта, ҷангиёни ин ҳаракат сӯи марказ равонанд.
Вилояти Панҷшер ҳамагӣ ҳафт вулусволӣ дорад, ки Париён, Хинҷ, Дара, Бозорак, Руха, Шутул ва Оноба мебошанд. Ҷабҳаи муқовимат ғасби чор ноҳияро аз сӯи Толибон* ҳанӯз тасдиқ накардааст. Иттилоҳои қаблии Толибонро дар мавриди ғасби Панҷшер ҷабҳаи муқовимати миллӣ пропоганда хонда буд.
Ин вилоят дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти озод аз султаи “Толибон”* аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар он марказият дорад.
Панҷшер масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон ҳамеша аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар