https://sputnik.tj/20210904/nur-jang-panjsher-kushtori-qavmi-1042057209.html
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
Sputnik Тоҷикистон
Атомуҳаммади Нур, собиқ волии Балх, маъруф, ки ҳоло дар шаҳри Дубай қарор дорад, ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард
2021-09-04T15:09+0500
2021-09-04T15:09+0500
2021-09-04T15:14+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
ато муҳаммади нур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900214_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_80b77a7646fe35d18d18b3b2dc706c95.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Собиқ волии Балх ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсии Афғонистон Ато Муҳаммади Нур гуфт, дар бунбасти ғизоӣ ва комуникатсионӣ қарор додани Панҷшер - этносиди воқеъӣ аст.Ӯ ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯяд, қатъи барқ ва кумаки башардӯстона ба Панҷшер маънои куштори қавмиро дорад.Нур афзуда, ки хомӯшии марговари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҳуқуқи башар фарёд мезананд ва ба Панҷшер тамоми хидматҳо ҳатто хадамоти тиббиро қатъ мекунад, мафҳуме ҷуз қабоҳатзудоӣ аз Толибонро* надорад.Пештар Нур ба “Толибон”* ҳушдор дод, то аз зӯроварӣ сари дараи Панҷшер даст бардоранд, дар акси ҳол, ҳама дар канори Аҳмади Масъуд қарор хоҳанд гирифт.Вай афзуд, ки куштор ва тасаллут ба зӯр ба ҳеҷ ваҷҳ ба мафҳуми тасаллути комил бар як ҷуғрофия нест ва беҳтар аст ба ҷои хушунат, роҳҳои беҳтари дигаре ҷустуҷӯ шавад.“Барои Аҳмадҷони Масъуд ва соири сангардорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин муборизаи душвор, орзуи пирӯзӣ дорам ва таъкид мекунам, ки онон танҳо нестанд, балки аз Балх то Қандаҳор, аз Бадахшон то Ҳирот ва аз ҳар гӯшаи ин сарзамин, мардуми озода дар канори онон қарор дорад ва қарор хоҳанд гирифт”, - гуфт собиқ волии Балх.Устод Атомуҳаммади Нур 14 августи соли равон дар пайи суқути Мазори Шариф, пойгоҳи аслии ӯ ба дасти “Толибон”* Афғонистонро ба қасди Ӯзбекистон тарк кард ва аз он ҷо ба шаҳри Дубай рафт. Баъдтар дар суҳбатҳояш вай гуфт, ки бо маслиҳати афроди муҳими кишвар, назири вазири дифоъи пешин Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва маршал Абдурашид Дӯстум, тарки ватан кардааст.Дар ҳамин ҳол, ёвари ӯ мегӯяд, қисме аз нерӯҳои бозмонда аз Устод Ато дар Афғонистон ҳоло дар Панҷшер меҷанганд ва иддае ҳам дар қаламрави Балху вилоятҳои атрофи он мунтазири фармонанд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210904/tolibon-panjsher-zabt-nahohand-1042055161.html
https://sputnik.tj/20210904/jabha-muqovimat-neruho-tolibon-dom-1042057037.html
https://sputnik.tj/20210904/aqibnishiniho-jabhai-muqovimat-panjsher-1042055921.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900214_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_987666e600d1133939e7e0df6e8e1308.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муроҷиат, амомуҳаммади нур, афғонистон, толибон
муроҷиат, амомуҳаммади нур, афғонистон, толибон
Ато Муҳаммади Нур дар бораи ҷанги Толибон* дар Панҷшер: "ин куштори қавмӣ аст"
15:09 04.09.2021 (Навсозишуда: 15:14 04.09.2021) Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх, ки ҳоло дар шаҳри Дубай қарор дорад, ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 4 сент – Sputnik. Собиқ волии Балх ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсии Афғонистон Ато Муҳаммади Нур гуфт, дар бунбасти ғизоӣ ва комуникатсионӣ қарор додани Панҷшер - этносиди воқеъӣ аст.
Ӯ ба Толибон* ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯяд, қатъи барқ ва кумаки башардӯстона ба Панҷшер маънои куштори қавмиро дорад.
"Ҷанги Толибон* алайҳи Панҷшер ва куштори онон бо бастани масирҳои ин вилоят, қатъи барқ, маводи хӯрокӣ ва шабакаҳои мухобиротӣ ба шумули хадамоти сиҳӣ, ҷуз истибдод мафҳуми дигар надорад. Ин ҷанг ва куштори қавмӣ аст ва зиёнҳои он бисёр ғамангез аст", - навиштааст Нур дар саҳифааш дар Facebook.
Нур афзуда, ки хомӯшии марговари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҳуқуқи башар фарёд мезананд ва ба Панҷшер тамоми хидматҳо ҳатто хадамоти тиббиро қатъ мекунад, мафҳуме ҷуз қабоҳатзудоӣ аз Толибонро* надорад.
Пештар Нур ба “Толибон”* ҳушдор дод, то аз зӯроварӣ сари дараи Панҷшер даст бардоранд, дар акси ҳол, ҳама дар канори Аҳмади Масъуд қарор хоҳанд гирифт.
Вай афзуд, ки куштор ва тасаллут ба зӯр ба ҳеҷ ваҷҳ ба мафҳуми тасаллути комил бар як ҷуғрофия нест ва беҳтар аст ба ҷои хушунат, роҳҳои беҳтари дигаре ҷустуҷӯ шавад.
“Барои Аҳмадҷони Масъуд ва соири сангардорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин муборизаи душвор, орзуи пирӯзӣ дорам ва таъкид мекунам, ки онон танҳо нестанд, балки аз Балх то Қандаҳор, аз Бадахшон то Ҳирот ва аз ҳар гӯшаи ин сарзамин, мардуми озода дар канори онон қарор дорад ва қарор хоҳанд гирифт”, - гуфт собиқ волии Балх.
Устод Атомуҳаммади Нур 14 августи соли равон дар пайи суқути Мазори Шариф, пойгоҳи аслии ӯ ба дасти “Толибон”* Афғонистонро ба қасди Ӯзбекистон тарк кард ва аз он ҷо ба шаҳри Дубай рафт.
Баъдтар дар суҳбатҳояш вай гуфт, ки бо маслиҳати афроди муҳими кишвар, назири вазири дифоъи пешин Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва маршал Абдурашид Дӯстум, тарки ватан кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ёвари ӯ мегӯяд, қисме аз нерӯҳои бозмонда аз Устод Ато дар Афғонистон ҳоло дар Панҷшер меҷанганд ва иддае ҳам дар қаламрави Балху вилоятҳои атрофи он мунтазири фармонанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар