https://sputnik.tj/20210904/fireb-moshinbozor-haridor-pul-namedihad-1042059777.html
Боз фиреб дар мошинбозор: харидор пулро намедиҳад
Боз фиреб дар мошинбозор: харидор пулро намедиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати дигари фиребкорӣ зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
2021-09-04T18:30+0500
2021-09-04T18:30+0500
2021-09-04T18:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
фиреб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101575/23/1015752301_0:85:1600:985_1920x0_80_0_0_9053e0ee3d4cfe4248cf178b1ef1bdf9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маъмурини милиса бо иттиҳоми қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин, марди 50-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муттаҳам ҳанӯз моҳи марти соли равон дар бозори фурӯши автомашинаҳои "Дӯстӣ", воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара даромада, "Опел астра" - ашро гирифтааст. Манбаъ афзуд, ки муттаҳам ба соҳибмулк мошинро 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, нася гирифтааст, аммо пулро то ҳол намедиҳад. ВУД мегӯяд, феълан алайҳи гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди фиребкорӣ дар бозори мошин хабар медиҳанд. Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.Аз ҷумла ҳафтаи равон аз муроҷиати сокини Душанбе ба идораи милиса хабар дода шуд, ки шикоят дорад, сокини 30-солаи пойтахт 31-уми майи соли равон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳр, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, мошин ваъда кардааст. Ба иттилои ВУД, муттаҳам дар қаллобӣ ба ивази ин маблағ изҳор доштааст, ки барои соҳиби пул мошини тамғаи "BMW Х-7" оварда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.
https://sputnik.tj/20210825/afzoish-qallobi-moshinbozor-nasiya-1041872914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101575/23/1015752301_88:0:1512:1068_1920x0_80_0_0_38a889bec304f587693cb1b7a07ab4be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фиреб, харид, мошин, вкд, тоҷикистон
фиреб, харид, мошин, вкд, тоҷикистон
Боз фиреб дар мошинбозор: харидор пулро намедиҳад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати дигари фиребкорӣ зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Маъмурини милиса бо иттиҳоми қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин, марди 50-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муттаҳам ҳанӯз моҳи марти соли равон дар бозори фурӯши автомашинаҳои "Дӯстӣ", воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара даромада, "Опел астра" - ашро гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳам ба соҳибмулк мошинро 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, нася гирифтааст, аммо пулро то ҳол намедиҳад.
ВУД мегӯяд, феълан алайҳи гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди фиребкорӣ дар бозори мошин хабар медиҳанд. Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағро аз худ мекунанд.
Аз ҷумла ҳафтаи равон аз муроҷиати сокини Душанбе ба идораи милиса хабар дода шуд, ки шикоят дорад, сокини 30-солаи пойтахт 31-уми майи соли равон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳр, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, мошин ваъда кардааст. Ба иттилои ВУД, муттаҳам дар қаллобӣ ба ивази ин маблағ изҳор доштааст, ки барои соҳиби пул мошини тамғаи "BMW Х-7" оварда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.