https://sputnik.tj/20210903/panjsher-suqut-kard-vokunishi-ahmad-masud-1042051842.html
Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд
Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати “Толибон”* эълон кард, ки пас аз панҷ рӯзи ҷанг муваффақ шуд, ки ба дараи Панҷшер ворид шавад
2021-09-03T22:58+0500
2021-09-03T22:58+0500
2021-09-04T09:11+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
панҷшер
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038792292_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_aa4f3f875387511ff777ead4578020dc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳаракати “Толибон”* эълон кард, ки пас аз панҷ рӯзи ҷанг муваффақ шуд, ки ба дараи Панҷшер ворид шавад"Толибон"* иддао доранд, ки ба Париён бузургтарин вулусволии ин вилоят ворид шуданд ва маркази онро ишғол намуданд. Далели суқути Париёнро ин гуфтаанд, ки волии номниҳоди “Толибон” дар ин вилоят зодаи ин вулусволӣ ба номи Мавлавӣ Абдулъалӣ будааст. Манобеъи “Толибон”* хабар медиҳанд, ки Панҷшерро мукаммал ишғол кардаанд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст. Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, онҳо як каме муваффақ шуданд, ки ба вулусволии Париён, ки волии номниҳоди Панҷшер зодаи он аст, ворид шаванд.Ҳамзамон расонаҳо аз фирори Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон, хабар доданд. Яке аз наздикони Аҳмад Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст ва он чӣ гуфта мешавад, таблиғоти Покистон аст. “Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост”, - гуфт ӯ. Ҳамзамон наздикони Амруллоҳ Солеҳ низ як навореро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки мавсуф мегӯяд, дар Панҷшер аст.
https://sputnik.tj/20210903/ohirin-habarho-suhangu-panjsher-chand-uz-1042048401.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038792292_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_793b8c77e962d76721a5fed5808290c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, панҷшер
толибон, афғонистон, панҷшер
Панҷшер суқут кард? Вокуниши Аҳмад Масъуд
22:58 03.09.2021 (Навсозишуда: 09:11 04.09.2021) Дар ҳоле ки “Толибон”* аз тасаллуташон бар Панҷшер хабар додаанду бо типаррониҳо дар Кобул ин пирӯзияшонро таҷлил мекунанд, Аҳмади Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, суқути Панҷшер охирин рӯзашон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Ҳаракати “Толибон”* эълон кард, ки пас аз панҷ рӯзи ҷанг муваффақ шуд, ки ба дараи Панҷшер ворид шавад
"Толибон"* иддао доранд, ки ба Париён бузургтарин вулусволии ин вилоят ворид шуданд ва маркази онро ишғол намуданд. Далели суқути Париёнро ин гуфтаанд, ки волии номниҳоди “Толибон” дар ин вилоят зодаи ин вулусволӣ ба номи Мавлавӣ Абдулъалӣ будааст.
Манобеъи “Толибон”* хабар медиҳанд, ки Панҷшерро мукаммал ишғол кардаанд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, онҳо як каме муваффақ шуданд, ки ба вулусволии Париён, ки волии номниҳоди Панҷшер зодаи он аст, ворид шаванд.
“Бақия ҳарфҳо, ки мезананд, таблиғоти душман аст. Ҷанги мо идома дорад. Мо пирӯзи ин ҷанг хоҳем буд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон расонаҳо аз фирори Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон, хабар доданд. Яке аз наздикони Аҳмад Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст ва он чӣ гуфта мешавад, таблиғоти Покистон аст.
“Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон наздикони Амруллоҳ Солеҳ низ як навореро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки мавсуф мегӯяд, дар Панҷшер аст.