Хабар аз Панҷшер баъди хомӯшӣ: пешрафти муқовимату талафи Толибон* - чанд нафару дар куҷо

© AFP 2023 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон теъдоди кушташудагони ҳаракати “Толибон” дар ҷабаҳоти Панҷшерро эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Ин феҳрист ҳамчунон нишон медиҳад, ки ҷангҳо барои дифоъ аз Панҷшер то куҷоҳо вусъат пайдо кардаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои ҷабҳа дар тамоми истиқоматҳо муваффақ ба пешравиҳо шуда, ҷое барои нигаронӣ нест.
“Як зарра мо мушкилоти мухобаротӣ доштем, ки ҳоло қисман ҳал кардаем. Эълон медорем, ки нерӯҳои мо бо як мардонагӣ дар ҷабаҳот ба душман талафоти сангин ворид карда, пешравиҳое низ доштаанд, аз ҷумла дар вилоятҳои Парвону Кописо ва Бағлон”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Тибқи иттилои ӯ, неруҳои Ҷабҳа муқовамати миллӣ (ҶММ) ҳама ҳамалоти шибҳи низомиёни “Толибон”*-ро дар ҷабҳаҳои мухталиф дафъ кардаанд. Доманаи амалиёти ҶММ густариш ёфтааст ва ба гуфтаи Даштӣ, душман дар ҳафт макони зер талафоте доштааст:
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Артиши Масъуд ба Толибон* дар як вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон ҳамла кард
Аз ҷумла 111 нафар дар гузаргоҳи Ховок, 67 дар Даҳонаи Панҷшер (вилояти Панҷшер), 43 дар Соланг, 23 дар Ҷабалуссироҷ (Парвон), 37 дар Сонҷон, 19 дар Кӯҳистон (Кописо), 54 дар вулусволиҳои Андароб, 14 дар Хӯсти фаранг (Бағлон) кушта шудаанд.
Манобеъи "Толибон" то ба ҳол аз кушта шудани 31 нафар аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат хабар додаанд. “Толибон” даъво доранд, ки дар тайи ҳамалоти шаби гузаштаи онҳо се фармондеҳи Ҷабҳаи Муттаҳид ба номҳои Зардод, Замир Амирӣ, Мирзоҷӣ Амирӣ низ ҷон бохтаанд. Ҷабҳа ин иттилоъро шарҳ надод.
Рӯзи 2 сентябр, “Толибон”* эълон дошта буданд, ки як амалиёти бузургеро алайҳи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер созмондеҳӣ кардаанд. Ҳоло аз иттилоияи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба назар мерасад, ин амалиёт ба нокомӣ анҷом ёфтааст.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0