https://sputnik.tj/20210903/britoniyo-hamsoya-afghoniston-gurezaho-kumaki-moli-1042043657.html
Бритониё ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон барои қабули гурезаҳо кумаки молӣ мерасонад
Бритониё ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон барои қабули гурезаҳо кумаки молӣ мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Бритониё таъкид доштааст, ки аз маблағҳои ҷудошуда 14 миллион доллараш ба таври фаври ба ташкилотҳои башардӯстона дастрас хоҳад шуд
2021-09-03T16:04+0500
2021-09-03T16:04+0500
2021-09-03T16:04+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
кӯмаки молиявӣ
бритониёи кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_256:0:1280:576_1920x0_80_0_0_cd6dcab64754eb1a19a44d9442c77ec5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бритониё ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонгистон барои ташкили макони паноҳандагӣ ва бунёди иншоотҳои санитӣириву техникӣ барои паноҳҷӯёни афғон 30 миллион фунт стерлинг (41,5 миллион доллар) кумаки моли ҷудо кардааст, иттилоъ додаст хабаргузории ТАСС дар истинод ба дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Бритониё.Интизор меравад, ки 10 миллион фунт (14 миллион доллар) аз ин маблағ фавран ба созмонҳои башардӯстона, аз ҷумла Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дастрас карда шавад.20 миллион фунт боқимонда (28 миллион доллар) бояд ба кишварҳои минтақа ҳамчун кумак интиқол дода шавад, чун ки фишори асоси барои қабули паноҳҷӯён пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* бар дӯш онҳо гузошта мешавад дорад. Сухан дар бораи Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон меравад."Муҳим аст, ки мо ба он нафароне, ки аз Афғонистон фирор мекунанд, кӯмак расонем ва нагузорем бӯҳрон амнияти минтақавиро ба ҳам занад. Маҳз ба ҳамин хотир ин кумакҳо лозим ҳастанд. Ин кумакҳо ба афғонҳое, ки зиндагии мушкилро паси сар карданд, бо лавозимоти зарурӣ таъмин намоянд”, - гуфт ВУХ Бритониё.Рӯзи 14 апрел президенти ИМА Ҷо Байден қарори худ дар бораи қатъи амалиёти низоми дар Афғонистонро эълон кард.Пас аз он Толибон амалиёти густардаеро барои гаирифтани минтақаҳо зери назорати худ оғоз карданд ва 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ худро раисҷумҳур эълон кард ва даъват ба муқовимати мусаллаҳона таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони милии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001), дар вилояти Панҷшер кард. Кишварҳои ғарб то 31 август баровардани шаҳрвандони худро ва афғонҳоро, ки ба онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба анҷом расонданд.
https://sputnik.tj/20210903/tolibon-dar-kobinai-vazir-zane-nadorem-1042040845.html
афғонистон
бритониёи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_486:0:1254:576_1920x0_80_0_0_22610d4364a8fc1c501862be9a4fdbbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бритониё, маблағ, кумак, ташкилотҳои башардустона
тоҷикистон, бритониё, маблағ, кумак, ташкилотҳои башардустона
Бритониё ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон барои қабули гурезаҳо кумаки молӣ мерасонад
Вазорати хориҷаи Бритониё таъкид доштааст, ки аз маблағҳои ҷудошуда 14 миллион доллараш ба таври фаври ба ташкилотҳои башардӯстона дастрас хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бритониё ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонгистон барои ташкили макони паноҳандагӣ ва бунёди иншоотҳои санитӣириву техникӣ барои паноҳҷӯёни афғон 30 миллион фунт стерлинг (41,5 миллион доллар) кумаки моли ҷудо кардааст, иттилоъ додаст хабаргузории ТАСС дар истинод ба дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Бритониё.
Интизор меравад, ки 10 миллион фунт (14 миллион доллар) аз ин маблағ фавран ба созмонҳои башардӯстона, аз ҷумла Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дастрас карда шавад.
20 миллион фунт боқимонда (28 миллион доллар) бояд ба кишварҳои минтақа ҳамчун кумак интиқол дода шавад, чун ки фишори асоси барои қабули паноҳҷӯён пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* бар дӯш онҳо гузошта мешавад дорад. Сухан дар бораи Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон меравад.
"Муҳим аст, ки мо ба он нафароне, ки аз Афғонистон фирор мекунанд, кӯмак расонем ва нагузорем бӯҳрон амнияти минтақавиро ба ҳам занад. Маҳз ба ҳамин хотир ин кумакҳо лозим ҳастанд. Ин кумакҳо ба афғонҳое, ки зиндагии мушкилро паси сар карданд, бо лавозимоти зарурӣ таъмин намоянд”, - гуфт ВУХ Бритониё.
Рӯзи 14 апрел президенти ИМА Ҷо Байден қарори худ дар бораи қатъи амалиёти низоми дар Афғонистонро эълон кард.
Пас аз он Толибон амалиёти густардаеро барои гаирифтани минтақаҳо зери назорати худ оғоз карданд ва 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Ноиби президенти ҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ худро раисҷумҳур эълон кард ва даъват ба муқовимати мусаллаҳона таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони милии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001), дар вилояти Панҷшер кард. Кишварҳои ғарб то 31 август баровардани шаҳрвандони худро ва афғонҳоро, ки ба онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба анҷом расонданд.