https://sputnik.tj/20210903/tolibon-dar-kobinai-vazir-zane-nadorem-1042040845.html
Толибон: “Мо дар кобинаи вазирон зан надорем”
Толибон: “Мо дар кобинаи вазирон зан надорем”
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Толибон таъкид доштааст, ки ҳукумати нави Афғонистон бидуни вазири зан ташкил мешавад
2021-09-03T14:25+0500
2021-09-03T14:25+0500
2021-09-03T15:15+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ҷанг
толибон
панҷшер
вазир
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши родикалии Толибон* таъкид доштааст: "ҳукумати нави ин кишвар бидуни зан вазир ҳарчи зудтар ташкил хоҳад шуд."Дар посух ба ин суол, ки оё занон метавонанд ба ҳукумати нав ворид шаванд, вай гуфт, ки онҳо метавонанд дар вазоратҳо ё шӯъбаҳои пулис ё додгоҳ ба ҳайси ёрдамчӣ кор кунанд, тибқи қонунҳои Қуръон ва шариат.Муҷоҳид ҳамчунин таъкид кард, ки занони афғон метавонанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд.Сухангӯи Толибон* дар идома ишора кард, ки мушкили асосии сокинони вилояти Панҷшер дар он аст, ки гуфтугӯ бо онҳо кор нахоҳад кард ва афзуд: "Бо мурури замон раванди сулҳе, ки мо умедворем, мураккабтар мешавад".Ёдрас мешавем, ки чанде пеш намояндагони Толибон эълон карда буданд, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд.Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210901/davlati-jadidi-afghoniston-maqomoti-qabli-1042008862.html
https://sputnik.tj/20210903/vao-mullo-barodar-rahbari-hukumat-tolibon-1042038758.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, занон, кабинаи взирон, курсӣ, роҳбарӣ, толибон
афғонистон, занон, кабинаи взирон, курсӣ, роҳбарӣ, толибон
Толибон: “Мо дар кобинаи вазирон зан надорем”
14:25 03.09.2021 (Навсозишуда: 15:15 03.09.2021) Сухангӯи Толибон таъкид доштааст, ки ҳукумати нави Афғонистон бидуни вазири зан ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҷунбиши родикалии Толибон* таъкид доштааст: "ҳукумати нави ин кишвар бидуни зан вазир ҳарчи зудтар ташкил хоҳад шуд."
“Мо дар кобинаи вазир зане надорем. Мо мехоҳем як ҳукумати муттаҳидро ташкил кунем, ки аз нисфи вазирони қаблӣ иборат бошад”, -гуфт Муҷоҳид.
Дар посух ба ин суол, ки оё занон метавонанд ба ҳукумати нав ворид шаванд, вай гуфт, ки онҳо метавонанд дар вазоратҳо ё шӯъбаҳои пулис ё додгоҳ ба ҳайси ёрдамчӣ кор кунанд, тибқи қонунҳои Қуръон ва шариат.
Муҷоҳид ҳамчунин таъкид кард, ки занони афғон метавонанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд.
Сухангӯи Толибон* дар идома ишора кард, ки мушкили асосии сокинони вилояти Панҷшер дар он аст, ки гуфтугӯ бо онҳо кор нахоҳад кард ва афзуд: "Бо мурури замон раванди сулҳе, ки мо умедворем, мураккабтар мешавад".
"Мо аз ҷангҷӯёни Панҷшер хоҳиш кардем, ки ба ҳукумат таслим шаванд, вагарна онҳо сарнагун хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш намояндагони Толибон эълон карда буданд, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд.
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.
Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст