https://sputnik.tj/20210802/zavqizoda-koronavirus-omilhoi-beruna-rushdi-iqtisod-1041349400.html
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт дар ним соли равон новобаста аз пандемияву омилҳои беруна иқтисоди кишвар рушд кардааст
2021-08-02T12:26+0500
2021-08-02T12:26+0500
2021-08-02T12:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рушд
ммд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c0d4c83e6d1aca3daf95a7742c1344ef.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Завқи Завқизода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра дар ҷумҳурӣ 39,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод.Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд ва дар панҷ соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад.вай афзуд, ки дар ин давра рушди ММД аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 23,4 фоиз, кишоварзӣ- 8,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 22,1 фоиз, мусофиркашонӣ- 19,6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ- 17,2 фоиз, боркашонӣ- 2,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 13,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ- 42,8 фоиз таъмин гардид.Инчунин оқои Завқизода илова кард, ки сатҳи таваррум дар ин давра ҳамагӣ 3,9 дарсадро ташкил дод, ки он ҳам аз ҳисоби 5,1 дарсад болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқавӣ ва 1,6 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, дар иртибот ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории макроиқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, аз қабили заминҳои кишоварзӣ ва ҷалби сармояи ватниву хориҷӣ новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар ин давра рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
https://sputnik.tj/20210727/ima-tahdid-rukud-iqtisod-1041213549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_0a427aecfab3ce76d6bcfd98d4089252.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, рушди иқтисод, коронавирус, таъмин
тоҷикистон, иқтисод, рушди иқтисод, коронавирус, таъмин
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт дар ним соли равон новобаста аз пандемияву омилҳои беруна иқтисоди кишвар рушд кардааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Завқи Завқизода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра дар ҷумҳурӣ 39,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ зиёд ва дар панҷ соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад.
вай афзуд, ки дар ин давра рушди ММД аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 23,4 фоиз, кишоварзӣ- 8,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 22,1 фоиз, мусофиркашонӣ- 19,6 фоиз, гардиши савдои дохилӣ- 17,2 фоиз, боркашонӣ- 2,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 13,2 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ- 42,8 фоиз таъмин гардид.
Инчунин оқои Завқизода илова кард, ки сатҳи таваррум дар ин давра ҳамагӣ 3,9 дарсадро ташкил дод, ки он ҳам аз ҳисоби 5,1 дарсад болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 3,1 фоиз молҳои ғайриозуқавӣ ва 1,6 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.
Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, дар иртибот ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории макроиқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, аз қабили заминҳои кишоварзӣ ва ҷалби сармояи ватниву хориҷӣ новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар ин давра рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.