Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эълони омори тозаи сироят, шифо ва фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон шабнурӯзи гузашта 35 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар кишвар 16 852 нафар мубталои вируси корона шудааст.
Инчунин, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, дар як рӯзи охир 38 нафар беморони гирифтори коронавирус шифо ёфтанд.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Дар маҷмӯъ, 16 698 нафар аз сирояти нави коронавирус шифо ёфтаанд.
Аммо, ягон марги нав аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Аз замони кашфи нахустин ҳолати коронавирус дар Тоҷикистон то кунун ин вабои аср ҷони 124 нафарро гирифтааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон чанде пеш гуфта буд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ӯ афзуд, ки ояндаи наздик кишвар бар коронавирус пирӯз хоҳад шуд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
"Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - изҳор дошт вазири тандурустӣ.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0