https://sputnik.tj/20210829/vazir-tandurust-piruzi-koronavirus-tojikiston-1041949459.html
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, пирӯзӣ бар мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ наздик аст
2021-08-29T09:29+0500
2021-08-29T09:29+0500
2021-08-29T10:29+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазир
ҷамолиддин абдуллозода
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_50:137:1000:671_1920x0_80_0_0_e61b978dd914702cf7c7369f1d7554dd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, на ҳамаи онҳое, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаҳо бистариянд, гирифтори COVID - 19 мебошанд. "Баъзе беморон бо ташхиси пневмония табобат мегиранд. Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - шарти пирӯзиро баён доштааст вазир дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҷумҳурият". Ба иттилои роҳабарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба кишвар зиёда аз 4 миллиону 260 ҳазор вояи ваксина ворид гардида, зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ аллакай воксин гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки агар Тоҷикистон воксинзанӣ 61,5 дарсади аҳолиро фаро гирад, иммунитети оммавӣ ташаккул меёбад. Ин дар ҳолест, ки воксинзанӣ дар Тоҷикистон барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то оғози 28 август дар кишвар 16 ҳазору 696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон 124 нафар мебошад.
https://sputnik.tj/20210827/uzbekiston-pomidor-vaksina-1041926604.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_70:109:1000:806_1920x0_80_0_0_dac8bda9f51d0d72260b1ab5312840be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамолиддин абдуллозода, вазири тандурустӣ, коронавирус, беморӣ, пирӯзӣ
ҷамолиддин абдуллозода, вазири тандурустӣ, коронавирус, беморӣ, пирӯзӣ
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
09:29 29.08.2021 (Навсозишуда: 10:29 29.08.2021) Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, пирӯзӣ бар мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ наздик аст
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, на ҳамаи онҳое, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаҳо бистариянд, гирифтори COVID - 19 мебошанд.
"Баъзе беморон бо ташхиси пневмония табобат мегиранд. Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - шарти пирӯзиро баён доштааст вазир дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Ба иттилои роҳабарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба кишвар зиёда аз 4 миллиону 260 ҳазор вояи ваксина ворид гардида, зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ аллакай воксин гирифтаанд.
Таъкид шудааст, ки агар Тоҷикистон воксинзанӣ 61,5 дарсади аҳолиро фаро гирад, иммунитети оммавӣ ташаккул меёбад.
Ин дар ҳолест, ки воксинзанӣ дар Тоҷикистон барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то оғози 28 август дар кишвар 16 ҳазору 696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон 124 нафар мебошад.