Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода cе мактаб ифтитоҳ кард

© Исполком Народно-демократической партии Таджикистана в ДушанбеНовая школа в Турсунзаде
Новая школа в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Ин мактабҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ шудаанду аз ҷониби соҳибкорон бунёду бозсозӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби миёна, мактаби бачагонаи санъат ва литсей-интернат ба баҳрабардорӣ расид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Литсей-интернати шаҳри Турсунзода

Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президент, "Литсей-интернати шаҳри Турсунзода" аз ду бинои дуошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Эҳёи Сомониён" Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.
Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ давоми камтар аз 1 сол ба анҷом расондаанд.

Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода

Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хурди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъмурият иборат аст.
Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ анҷом додаанд.
Эмомали Рахмон на открытии нового предприятия по производству алюминиевых профилей в Турсунзаде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
Дар ин боргоҳи ҳунар, барои омӯзиши нозукиҳои санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.
Омӯзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.
Ногуфта намонад, ки Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода соли 1961 таъсис ёфтааст.

Ифтитоҳи мактаби рақами 49

Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои мактаби рақами 49-ро мавриди истифода қарор дод.
Иншоот сеошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бинои мактаби 49 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.
Бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.
Лентаи хабарҳо
0