https://sputnik.tj/20210831/uzbekiston-qabul-panohandagon-afghoniston-rad-1041973605.html
Ӯзбекистон қабули паноҳандагонро аз Афғонистон рад кард
Ӯзбекистон қабули паноҳандагонро аз Афғонистон рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ транзити гурезаҳои афғонро тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои калон анҷом медиҳад, аммо онҳоро дар қаламрави кишвар намегузорад
2021-08-31T09:03+0500
2021-08-31T09:03+0500
2021-08-31T10:43+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
ӯзбекистон
гурезаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041910795_0:183:3068:1909_1920x0_80_0_0_c2621bea3cb33caeaf148bf670e2001e.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ӯзбекистон паноҳандагонро аз Афғонистон дар қаламрави худ қабул намекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Юсуп Кобулҷонов хабар дод.Қаблан дар васоити ахбори омма хабарҳое пахш шуда буданд, ки Ӯзбекистон омода аст "марзҳояшро барои мардуми гурез аз режими Толибон* дар Афғонистон боз кунад".Ба гуфтаи Кобулҷонов, убури заминӣ аз марзи ду кишвар танҳо тавассути гузаргоҳи Тирмиз, ки ҳоло ҳам баста боқӣ мемонад, имконпазир аст. Кӯчонидани шаҳрвандони дигар давлатҳо аз Афғонистон тавассути Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймоҳо сурат мегирад.Маълум аст, ки Олмон сокинони худро тавассути парвозҳо аз Тошканд мекӯчонад. Полша бошад, тариқи фурудгоҳи Навоӣ ва Венгрия бо фурудгоҳи Бухоро интиқол медиҳад.Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфт: "Ҳар гуна кӯшиши убури сарҳад, новобаста аз сабабҳояш, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон пахш карда мешавад".Кобулҷонов таъкид кард, ки кишвар нақша надорад, ки ба умури давлати ҳамсоя мудохила кунад.Ҳамзамон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки ҷумҳуриҳо ба муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ пайравӣ мекунанд.Масъалаи гурезаҳо бинобар иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мубрами рӯз шудааст. Ҳукумати ояндаро аъзои ҳаракати радикалии Толибон* сарварӣ мекунанд.Аз ин сабаб, бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон хостори тарки кишварашон ҳастанд.Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон, аксари паноҳандагон аз низоми бидуни раводид истифода бурда, ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мераванд.*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210830/ehtimoli-sadho-hazor-panohanda-afghoniston-tojikiston-1041970553.html
https://sputnik.tj/20210829/makron--mintaqai-mahsus-amniyati-kobul-smm-1041951021.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041910795_337:0:3068:2048_1920x0_80_0_0_b7ff2664993104d43ef132ef5374e2ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, қабул, паноҳандагон, афғонистон, рад
ӯзбекистон, қабул, паноҳандагон, афғонистон, рад
Ӯзбекистон қабули паноҳандагонро аз Афғонистон рад кард
09:03 31.08.2021 (Навсозишуда: 10:43 31.08.2021) Ҷумҳурӣ транзити гурезаҳои афғонро тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои калон анҷом медиҳад, аммо онҳоро дар қаламрави кишвар намегузорад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ӯзбекистон паноҳандагонро аз Афғонистон дар қаламрави худ қабул намекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Юсуп Кобулҷонов хабар дод.
Қаблан дар васоити ахбори омма хабарҳое пахш шуда буданд, ки Ӯзбекистон омода аст "марзҳояшро барои мардуми гурез аз режими Толибон* дар Афғонистон боз кунад".
Ба гуфтаи Кобулҷонов, убури заминӣ аз марзи ду кишвар танҳо тавассути гузаргоҳи Тирмиз, ки ҳоло ҳам баста боқӣ мемонад, имконпазир аст. Кӯчонидани шаҳрвандони дигар давлатҳо аз Афғонистон тавассути Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймоҳо сурат мегирад.
Маълум аст, ки Олмон сокинони худро тавассути парвозҳо аз Тошканд мекӯчонад. Полша бошад, тариқи фурудгоҳи Навоӣ ва Венгрия бо фурудгоҳи Бухоро интиқол медиҳад.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфт: "Ҳар гуна кӯшиши убури сарҳад, новобаста аз сабабҳояш, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон пахш карда мешавад".
Кобулҷонов таъкид кард, ки кишвар нақша надорад, ки ба умури давлати ҳамсоя мудохила кунад.
"Ӯзбекистон паноҳандагони афғонро дар қаламрави худ қабул намекунад, ба тариқи транзит кумак мерасонад, ки ин ба таври қатъӣ бо маҳдуд будани вақти онҳо дар кишвар пешбинӣ шудааст", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки ҷумҳуриҳо ба муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ пайравӣ мекунанд.
Масъалаи гурезаҳо бинобар иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мубрами рӯз шудааст. Ҳукумати ояндаро аъзои ҳаракати радикалии Толибон* сарварӣ мекунанд.
Аз ин сабаб, бисёре аз шаҳрвандони Афғонистон хостори тарки кишварашон ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон, аксари паноҳандагон аз низоми бидуни раводид истифода бурда, ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мераванд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст