https://sputnik.tj/20210829/makron--mintaqai-mahsus-amniyati-kobul-smm-1041951021.html
Даъвати Макрон ба ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул таҳти назорати СММ
Даъвати Макрон ба ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул таҳти назорати СММ
Sputnik Тоҷикистон
Порису Лондон пешниҳод доранд, ки таҳти назорати Созмони милали муттаҳид дар пойтахти Афғонистон минтақаи махсуси амниятӣ ташкил карда шавад
2021-08-29T12:00+0500
2021-08-29T12:00+0500
2021-08-29T12:07+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039952946_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_5ccc44bad14367296ae209f827a7ee0b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, Порис ва Лондон аз СММ даъват доранд, ки сари ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул кор кунад. Дар ин бора Франс Пресс бо такя ба мусоҳибаи Макрон бо рӯзномаи Journal du Dimanche хабар додааст. Қаблан РИА Новости бо такя ба манбааш дар СММ хабар дод, ки дабири кулли ин созмон, Антониу Гутерриш ният дорад бо намояндагони доимии кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ - Русия, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин 30 август вазъи Афғонистонро баррасӣ намояд. Ба гуфтаи Макрон, Фаронса ва Бритониё ба СММ тарҳеро пешниҳод хоҳанд кард, ки тибқи он дар Кобул таҳти назорати СММ минтақаи махсус ташкил карда шавад, ки ба идомаи амалиёти башардӯстӣ мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Макрон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд. Ҳар ду ҷониб омодагияшонро барои музокирот баён дошта, таъкид мекунанд, ки ҳамзамон омодаи гузинаи низомӣ мебошанд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210829/kobulov-kishvarho-saad-afghoniston-rohandozi-1041949902.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039952946_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fcb016d5a4fe9f464cba08adcec1ac32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
порис, лондон, макрон, афғонистон, толибон, пешниҳод, ҳамкорӣ, смм
порис, лондон, макрон, афғонистон, толибон, пешниҳод, ҳамкорӣ, смм
Даъвати Макрон ба ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул таҳти назорати СММ
12:00 29.08.2021 (Навсозишуда: 12:07 29.08.2021) Порису Лондон пешниҳод доранд, ки таҳти назорати Созмони милали муттаҳид дар пойтахти Афғонистон минтақаи махсуси амниятӣ ташкил карда шавад
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, Порис ва Лондон аз СММ даъват доранд, ки сари ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул кор кунад.
Дар ин бора Франс Пресс бо такя ба мусоҳибаи Макрон бо рӯзномаи
Journal du Dimanche хабар додааст.
Қаблан РИА Новости бо такя ба манбааш дар СММ хабар дод, ки дабири кулли ин созмон, Антониу Гутерриш ният дорад бо намояндагони доимии кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ - Русия, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин 30 август вазъи Афғонистонро баррасӣ намояд.
Ба гуфтаи Макрон, Фаронса ва Бритониё ба СММ тарҳеро пешниҳод хоҳанд кард, ки тибқи он дар Кобул таҳти назорати СММ минтақаи махсус ташкил карда шавад, ки ба идомаи амалиёти башардӯстӣ мусоидат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Макрон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд. Ҳар ду ҷониб омодагияшонро барои музокирот баён дошта, таъкид мекунанд, ки ҳамзамон омодаи гузинаи низомӣ мебошанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар