Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: таъкиди сарони давлатҳо ба таҳкими дӯстӣ

© Пресс-служба президента КыргызстанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизистонияш таҳкими ҳамсоядории некро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирзизаш Содир Ҷабборов рӯзи 31 август суҳбати телефонӣ анҷом дод, навиштааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Ҷабборов, мардуми дӯсту бародари Қирғизистонро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтааст.
"Ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ комёбиҳои нав орзу менамоям", - изҳор доштааст Раҳмон дар суҳбат бо Ҷабборов.
Президент Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Ҷабборов дар бораи музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
Ҳарду ҷониб ҳам муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид намуда, афзудаанд, ки барои ин саъю талошҳои муштарак бояд равона гардад.
Ҳамчунин Раҳмон ва Ҷабборов рӯзномаи ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки қарор аст дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ намудаанд.
Феълан дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марз аз мушкилоти асосӣ мебошад, ки қариб нисфи он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ бо танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ ва гоҳо бо марги сокинони мулкию низомӣ меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0