https://sputnik.tj/20210830/japarov-muzokirot-tojikiston-masalahoi-marzi-1041969404.html
Ҷабборов дар бораи музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
Ҷабборов дар бораи музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
2021-08-30T17:36+0500
2021-08-30T17:36+0500
2021-08-30T17:39+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040524432_0:88:1694:1041_1920x0_80_0_0_b5f3db14d3dd4f2bb01b7a34763d3dfb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар остонаи 30 -умин солгарди истиқлоли кишвар президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо роҳбарони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти васеъ доир намуд. Дар рафти вохӯрӣ сарвари ҷумҳурӣ ба чанд нуктаи муҳим, аз ҷумла ба мавзӯи аломатгузории сарҳадҳои давлатӣ дахл кард. Ҷабборов қайд кард, ки гарчанде аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишвар масъалаҳои марзӣ авлавият дошта бошанд ҳам, ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. "Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳалли ин масъалаҳо бо Узбекистон фаъолона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад. Гуфтушунид бо Тоҷикистон низ шиддат ёфтааст", - гуфт сарвари Қирғизистон. Президент иттилоъ дод, ки зиёда аз 50% сарҳадҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шудаанд. Ёдрас мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушкил боқӣ мемонад. Баъзан дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва низомиён муноқишаҳо авҷ мегиранд.Яке аз задухӯрдҳои бузургтарин ҳодисаи апрел дар минтақаи обанбори Головная, воқеъ дар болооби дарёи Исфара буд. Дар натиҷаи муноқиша, ки чанд рӯз идома ёфт, даҳҳо нафар кушта ва садҳо сокини ҳарду ҷумҳурӣ зарар диданд. Сабаби асосии низоъҳо минтақаҳои тақсимнашуда мебошанд. Ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти беш аз 70 қаламрави баҳсбарангез пас аз фурӯпошии ИҶШС ба тавофуқ бирасанд.
https://sputnik.tj/20210824/izhorot-qirghiziston-masoil-marz-tojikiston-1041847647.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040524432_95:0:1599:1128_1920x0_80_0_0_1be199ab10f77ab336e7691548213cf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз
Ҷабборов дар бораи музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
17:36 30.08.2021 (Навсозишуда: 17:39 30.08.2021) Сарвари Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар остонаи 30 -умин солгарди истиқлоли кишвар президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо роҳбарони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти васеъ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ сарвари ҷумҳурӣ ба чанд нуктаи муҳим, аз ҷумла ба мавзӯи аломатгузории сарҳадҳои давлатӣ дахл кард.
Ҷабборов қайд кард, ки гарчанде аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишвар масъалаҳои марзӣ авлавият дошта бошанд ҳам, ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд.
"Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳалли ин масъалаҳо бо Узбекистон фаъолона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад. Гуфтушунид бо Тоҷикистон низ шиддат ёфтааст", - гуфт сарвари Қирғизистон.
Президент иттилоъ дод, ки зиёда аз 50% сарҳадҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушкил боқӣ мемонад. Баъзан дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва низомиён муноқишаҳо авҷ мегиранд.
Яке аз задухӯрдҳои бузургтарин ҳодисаи апрел дар минтақаи обанбори Головная, воқеъ дар болооби дарёи Исфара буд.
Дар натиҷаи муноқиша, ки чанд рӯз идома ёфт, даҳҳо нафар кушта ва садҳо сокини ҳарду ҷумҳурӣ зарар диданд. Сабаби асосии низоъҳо минтақаҳои тақсимнашуда мебошанд. Ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти беш аз 70 қаламрави баҳсбарангез пас аз фурӯпошии ИҶШС ба тавофуқ бирасанд.