Калонтарин шифохонаи Суғд баъди ду моҳи қарантинаи COVID -19 ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаБольничная палата в Центре кардиологии и сердечно-сосудистой хирургии Согдийской области
Больничная палата в Центре кардиологии и сердечно-сосудистой хирургии Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Бо кам шудани шумори сироятёбӣ ба коронавирус, Бемористони клиникавии Суғд маъруф ба (облболниса) ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин шифохона дар оғози моҳи июл дар пайи доман паҳн намудани бемории COVID-19 ба реҷаи қарантинӣ гузашта буд ва шуморе аз гирифторони “вируси корона” дар ин макон бистарӣ карда мешуданд.
Фирӯз Комилов, сартабиби Шифохонаи клиникавии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шумори беморон ва вазъи саломатии онҳоро шарҳ дод.
“Алҳол 6 нафар бистарӣ буда, вазъи саломаташон муътадил арзёбӣ мешавад. Қарор аст, то ду се рӯзи оянда ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсат шаванд”, - гуфт сартабиб.
Комилов таъкид намуд, ки барои гузаштан ба реҷаи маъмулӣ корҳои безараргардонии ҳуҷраҳои табобатӣ ҷараён дорад.
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Шифо аз мумиё: нафақахӯре аз Хуҷанд алайҳи коронавирус дастгоҳ сохт - аксҳо
Масъулони Идораи тандурустии Суғд дар оғози моҳи август зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи омори коронавирус гуфта буданд, ки 268 мариз дар Бемористони клиникавии Суғд, Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи воқеъ дар шаҳри Хуҷандва ва Бемористони клиникавии № 3 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарянд.
Ҳамчунин 361 сокини дигари Суғд дар шароити амбулаторӣ аз бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш табобат мегиранд. Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар Суғд дар умум аз 31 шуъба ва ҳудуди 600 койка иборат буда, аз бузургтарин шифохонаҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад.
Ин шифохона дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи авҷгирии хуруҷи коронавирус ба вилояти Суғд бори дуюм қарантин шуд.
Ҳоло бо гузашти як наздик ба ду моҳ дигарбора ба реҷаи кори муқаррарӣ мегузарад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зуҳри имрӯз охирин омори марбут ба коронавирусро нашр намуд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи охир 38 ҳолати нави гирифтории COVID-19 дар кишвар сабт шуда, ҳамчунин 42 нафар аз ин маризӣ шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷи ин беморӣ то 31 август ба 16 ҳазору 817 нафар баробар шудааст.
Аз ин шумор 16 ҳазору 660 нафар шифо ёфтаанд. Дар иттилоъи ахири расмӣ дар бораи ҳодисаи фавт чизе гуфта нашудааст. Вазорат дар бораи марг аз беморӣ дар Тоҷикистон ахиран 16 август иттилоъ дода буд, ки дар умум 124 нафар бар асари хуруҷи коронавирус фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0