Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва камшавии сироят аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото
Жители города Душанбе прогуливаются в парке Фирдавси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон охирин омори марбут ба коронавирусро ба ҳолати зуҳри 31 август ироа намуд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи охир 38 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, Ҳамчунин 42 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди умумии гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷи ин беморӣ то 31 август ба 16 ҳазору 817 нафар баробар шудааст. Аз ин теъдоди сабтшуда 16 ҳазору 660 нафар муолиҷа шудаст.
Аз ҳолатҳои ҷадиди фавт аз COVID-19 хабаре дода нашудааст. Дар мавриди охирин ҳолати фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон 16 август иттилоъ дода шуда буд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон чанде пеш гуфта буд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад. Ӯ афзуд, ки ояндаи наздик кишвар бар коронавирус пирӯз хоҳад шуд.
"Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - изҳор дошт вазири тандурустӣ.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0