https://sputnik.tj/20210831/hamlai-havoii-amriko-kobul-kushta-hamkori-1041990483.html
Нафаре, ки ҳангоми ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Кобул кушта шуд бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекард
Нафаре, ки ҳангоми ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Кобул кушта шуд бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекард
Sputnik Тоҷикистон
Низомии афғон Носир Наҷробӣ, ки дар ҳамлаи ҳавоии ИМА кушта шуд, бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекард ва қасд дошт ба Иёлоти Муттаҳида кӯч бандад 31.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-31T20:00+0500
2021-08-31T20:00+0500
2021-08-31T20:00+0500
има
амрико
афғонистон
кобул
ҳамкорӣ
таркиш
кушта
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041990436_0:291:3023:1991_1920x0_80_0_0_e1b07f186a2e95dd086d5cc6cc96f578.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар ин бора ба РИА Новости бародари хурдии афсари афғон Носир Наҷробӣ гуфтааст.Тавре бародараш гуфтааст, Наҷробии 29-сола тақрибан даҳ сол дар артиш хидмат кардааст ва ҳамчунин бо нерӯҳои вижаи ИМА кор мекард. Вақте ки Толибон* дар Афғонистон ҳамлаҳои густардаро оғоз карданд, вай дар вилояти Қандаҳор хидмат мекард. Наҷробӣ се рӯз пеш аз вуруди ҷангҷӯёи Толибон ба Қандаҳор ба шаҳр ба пойтахт кӯчид. Ба гуфтаи бародараш, Носир аз забти Кобул метарсид ва маҳз ба ҳамин хотир ба Уобул омада буд то аз инҷо ба Иёлоти Муттаҳида равад; ӯ аллакай ба омода намудани санадҳояш оғоз карда буд.Вақте ки дар пойтахт таркиш рух дод, ин афсари афғон дар саҳни хонаи амакаш буд. Дар берун боз ҳашт ҷияни ӯ, ки синнашон аз 2 то 18-сола буд, буданд ва ҳамаашон кушта шуданд.Бародар Наҷробӣ гуфт, ки охирин бор суҳбати онҳо шаби пеш аз фоҷиа сурат гирифт - онҳо дар бораи тӯйи ояндаи Носир суҳбат карданд.Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳамлаҳои Толибон* шидат гирифт ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ҳамаи шаҳрҳои бузургро ишғол карданд ва дар бораи анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд; холо масъалаи механизми идоракунии давлат хал дар ҳоли баррасист. Панҷшер, дар шимолу шарқи пойтахт, ягона вилоятест, ки ба зери контроли Толибон* надаромадааст. Фурудгоҳи Кобул, ки нерӯҳои хориҷӣ онро тарк карданд, пурра таҳти назорати Толибон* қарор гирифт.Ёдрас мешавем, ки як паҳподи амрикоӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул як мошинро нишон гирифт. Ба гуфтаи низомиёни амрикоӣ, ӯ миқдори зиёди маводи тарканда дошт ва маҳз ба фурудгоҳ таҳдиди макард. Мувофиқи маълумоти CNN, дар ин амалиёти ИМА нӯҳ ғайринизомӣ, аз ҷумла шаш кӯдак кушта шуданд; Ал-Ҷазира аз 12 қурбонӣ хабар медиҳад.* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210831/tolibon-intihobot-faronsa-olmon-daholat-1041988065.html
https://sputnik.tj/20210831/tolibon-guftushunid-panjsher-1041985622.html
има
амрико
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041990436_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_6ecdb04a92c2e49f36a7704e972f1046.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, амрико, афғонистон, кобул, ҳамкорӣ, таркиш, кушта, сарбоз
има, амрико, афғонистон, кобул, ҳамкорӣ, таркиш, кушта, сарбоз
Нафаре, ки ҳангоми ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Кобул кушта шуд бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекард
Низомии афғон Носир Наҷробӣ, ки дар ҳамлаи ҳавоии ИМА кушта шуд, бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекард ва қасд дошт ба Иёлоти Муттаҳида кӯч бандад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар ин бора ба РИА Новости бародари хурдии афсари афғон Носир Наҷробӣ гуфтааст.
Тавре бародараш гуфтааст, Наҷробии 29-сола тақрибан даҳ сол дар артиш хидмат кардааст ва ҳамчунин бо нерӯҳои вижаи ИМА кор мекард. Вақте ки Толибон* дар Афғонистон ҳамлаҳои густардаро оғоз карданд, вай дар вилояти Қандаҳор хидмат мекард. Наҷробӣ се рӯз пеш аз вуруди ҷангҷӯёи Толибон ба Қандаҳор ба шаҳр ба пойтахт кӯчид.
Ба гуфтаи бародараш, Носир аз забти Кобул метарсид ва маҳз ба ҳамин хотир ба Уобул омада буд то аз инҷо ба Иёлоти Муттаҳида равад; ӯ аллакай ба омода намудани санадҳояш оғоз карда буд.
Вақте ки дар пойтахт таркиш рух дод, ин афсари афғон дар саҳни хонаи амакаш буд. Дар берун боз ҳашт ҷияни ӯ, ки синнашон аз 2 то 18-сола буд, буданд ва ҳамаашон кушта шуданд.
Бародар Наҷробӣ гуфт, ки охирин бор суҳбати онҳо шаби пеш аз фоҷиа сурат гирифт - онҳо дар бораи тӯйи ояндаи Носир суҳбат карданд.
"Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон шикаст хурд - ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷанг. Ҳоло онҳо одамони бегуноҳро мекушанд", - гуфт бародари афсари кушташуда.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳамлаҳои Толибон* шидат гирифт ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ҳамаи шаҳрҳои бузургро ишғол карданд ва дар бораи анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд; холо масъалаи механизми идоракунии давлат хал дар ҳоли баррасист. Панҷшер, дар шимолу шарқи пойтахт, ягона вилоятест, ки ба зери контроли Толибон* надаромадааст. Фурудгоҳи Кобул, ки нерӯҳои хориҷӣ онро тарк карданд, пурра таҳти назорати Толибон* қарор гирифт.
Ёдрас мешавем, ки як паҳподи амрикоӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул як мошинро нишон гирифт. Ба гуфтаи низомиёни амрикоӣ, ӯ миқдори зиёди маводи тарканда дошт ва маҳз ба фурудгоҳ таҳдиди макард. Мувофиқи маълумоти CNN, дар ин амалиёти ИМА нӯҳ ғайринизомӣ, аз ҷумла шаш кӯдак кушта шуданд; Ал-Ҷазира аз 12 қурбонӣ хабар медиҳад.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.