https://sputnik.tj/20210831/halilzod-jang-afghoniston-poyon-yoft-1041977866.html
Халилзод: ҷанг дар Афғонистон поён ёфт
Халилзод: ҷанг дар Афғонистон поён ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд
2021-08-31T13:10+0500
2021-08-31T13:10+0500
2021-08-31T14:28+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амрико
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
қудрат
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891117_0:0:2867:1612_1920x0_80_0_0_735f9e8d359f49ff1691a1eabbad8548.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, дар посух ба хуруҷи охирин сарбози амрикоӣ гуфтааст, ки ҷанги Амрико дар Афғонистон ба поён расидааст: "Ҳоло вақти он расидааст, ки афғонҳо ояндаи худро муайян намоянд."Намояндаи вижаи Амрико гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд.Вай дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш афғонҳо имкони "тасмим гирифтан" хоҳанд дошт ва ояндаи кишварро мардуми ин кишвар муайян хоҳанд кард.Халилзод навиштааст: "Ҳоло Толибон* бо озмуне рӯ ба рӯ ҳастанд." Оё онҳо метавонанд кишвари худро ба ояндаи амн ва шукуфон роҳнамоӣ кунанд, ки дар он ҳама шаҳрвандон, ҳам мардон ва ҳам занон барои расидан ба потенсиали худ имконият дошта бошанд? "Оё Афғонистон метавонад зебоӣ ва қудрати гуногунрангии фарҳангӣ, таърихӣ ва анъанавии худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад?"Бояд гуфт, ки охирин ҳавопаймои ИМА соати 00:00 ба вақти Афғонистон аз фурудгоҳи Кобул парвоз кард ва ин аз он шоҳидӣ медиҳанд, ки ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима ёфт.Расонаҳои байналмилалӣ дар нахустин дақоиқи бомдоди сешанбе гузориш доданд, ки охирин ҳавопаймои амрикоӣ лаҳазоти пеш фурудгоҳи Кобулро тарк карда то Афғонистон аз нерӯҳои ишғолгари хориҷӣ тахлия шавад.* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210831/tolibon-huruj-amrikoi-afghoniston-1041977133.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891117_0:0:2691:2018_1920x0_80_0_0_0af03373b626499d347b35ca68b3fb2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
залмай халилзод, амрико, афғонистон, хуруҷи неӯҳо, толибон, ҳукумронӣ
залмай халилзод, амрико, афғонистон, хуруҷи неӯҳо, толибон, ҳукумронӣ
Халилзод: ҷанг дар Афғонистон поён ёфт
13:10 31.08.2021 (Навсозишуда: 14:28 31.08.2021) Намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, дар посух ба хуруҷи охирин сарбози амрикоӣ гуфтааст, ки ҷанги Амрико дар Афғонистон ба поён расидааст: "Ҳоло вақти он расидааст, ки афғонҳо ояндаи худро муайян намоянд."
Намояндаи вижаи Амрико гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд.
Вай дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш афғонҳо имкони "тасмим гирифтан" хоҳанд дошт ва ояндаи кишварро мардуми ин кишвар муайян хоҳанд кард.
"Ин ҷанги тӯлонӣ муддати амрикоиҳо ва афғонҳоро иъбоди зиёди хубу бад шакл дод. Ба гуфтаи Румӣ, фарзанди машҳури Афғонистон, “Ин роҳи шумо ва фақат аз шумост. Дигарон шояд бо шумо бар он бираванд аммо ҳич кас онро барои Шумо нахоҳад паймуд” Афғонҳо ва амрикоиҳо ҳар кадом роҳи худжашонро хоҳанд паймуд”, - таъкид доштааст Халилзод.
Халилзод навиштааст: "Ҳоло Толибон* бо озмуне рӯ ба рӯ ҳастанд." Оё онҳо метавонанд кишвари худро ба ояндаи амн ва шукуфон роҳнамоӣ кунанд, ки дар он ҳама шаҳрвандон, ҳам мардон ва ҳам занон барои расидан ба потенсиали худ имконият дошта бошанд? "Оё Афғонистон метавонад зебоӣ ва қудрати гуногунрангии фарҳангӣ, таърихӣ ва анъанавии худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад?"
Бояд гуфт, ки охирин ҳавопаймои ИМА соати 00:00 ба вақти Афғонистон аз фурудгоҳи Кобул парвоз кард ва ин аз он шоҳидӣ медиҳанд, ки ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима ёфт.
Расонаҳои байналмилалӣ дар нахустин дақоиқи бомдоди сешанбе гузориш доданд, ки охирин ҳавопаймои амрикоӣ лаҳазоти пеш фурудгоҳи Кобулро тарк карда то Афғонистон аз нерӯҳои ишғолгари хориҷӣ тахлия шавад.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст