https://sputnik.tj/20210701/peshnihod-rustami-emomali-parvoz-rusiya-1040571239.html
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин мулоқот кард
2021-07-01T16:30+0500
2021-07-01T16:30+0500
2021-07-01T16:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рустами эмомалӣ
мулоқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040567930_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_82fc7fbfaa962cf789ec824791aeb9be.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин пешниҳод кард, ки шумораи парвозҳо бештар карда шаванд.Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, дар мулоқоте, ки имрӯз Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом доданд, мавзӯи парвозҳо ва муҳоҷирон калидӣ буд.Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, ҷалб намуд."Роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои русӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ичунин содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Русия, таъкид гардид", - афзудааст дафтари матбуотӣ. Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19 изҳори миннатдорӣ кардааст.Маориф, амният ва вазъи феълӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия буданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040567930_68:0:1201:850_1920x0_80_0_0_fa36c5f5ca1bd816891d74208338c8c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот парвозҳо
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Валодин пешниҳод кард, ки шумораи парвозҳо бештар карда шаванд.
Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, дар мулоқоте, ки имрӯз Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом доданд, мавзӯи парвозҳо ва муҳоҷирон калидӣ буд.
"Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, таҳия ва амалӣ гарданд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, ҷалб намуд.
"Роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои русӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ичунин содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Русия, таъкид гардид", - афзудааст дафтари матбуотӣ.
Рустами Эмомалӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19 изҳори миннатдорӣ кардааст.
Маориф, амният ва вазъи феълӣ дар Афғонистон аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия буданд.