Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Зас: СААД нерӯҳояшро ба Афғонистон намефиристад

© Foto / БелаПАН / Сергей БалайСекретарь Совета безопасности Беларуси Станислав Зась
Секретарь Совета безопасности Беларуси Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Дабири кулли СААД Станислав Зас имкони фиристодани созмонҳои низомӣ ба Афғонистонро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ният надорад ба Афғонистон нерӯ фиристад, дар ин бора дабири кулли СААД Станислав Зас ба шабакаи телевизионии СТВ -и Беларус хабар дод.
"Оё Афғонистон дом нахоҳад шуд, оё дубора ба он ҷо фиристодани низомиён лозим нахоҳад шуд? Албатта не. Инҳо ҳаросҳои комилан беасосанд", - гуфт Зас.
Дабири кул таъкид кард, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ як созмони махсуси дифоъии низомӣ-сиёсист.
"Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ, оиннома истифодаи қувваҳои дифоии дастаҷамъиро танҳо дар доираи минтақаи масъулияти СПАД, яъне дар ҳудуди кишварҳои мо пешбинӣ мекунад", - ёдовар шуд Зас.
Российские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
СААД дар пасманзари шадид шудани вазъи Афғонистон дар Қирғизистон тамрин мегузаронад
Вай ба натиҷаҳои нишасти ахири СПАД оид ба Афғонистон дахл карда, қайд кард, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоеро барои коҳиш додани таҳдидҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.
"Вазъият дар он ҷо тағир меёбад ва инро бояд дар фаъолият, аз ҷумла дар самти мубориза бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд, бодиққат омӯхт ва ба назар гирифт ва қисман ҳатто баръакс - фаъол шуданд", - гуфт дар хотима Дабири кулли СААД.
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Кобулов гуфт, бо кишварҳои СААД дар мавриди Афғонистон ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаст
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии Толибон (гуруҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) Кобулро забт карданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро иҳота карданд. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Афғонистон ба ҷуз вилояти Панҷшер, ки бештараш тоҷиконанд, пурра дар идораи Толибон (гуруҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) даромад
Лентаи хабарҳо
0