Кобулов гуфт, бо кишварҳои СААД дар мавриди Афғонистон ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаст

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Обуна шудан
Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар мавриди вазъи ин кишвар бо давлатҳои узви СААД ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Роҳандозии ҳамкории кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - СААД дар мавриди Афғонистон барои давлатҳои ин созмон эътимоди бештаре бахшид, изҳор дошт Замир Кобулов.
Хабаргузории РИА Новости аз қавли Кобулов хабар додааст, ки иттифоқчиён дар доираи СААД вазъият дар Афғонистонро бодиққат назорат доранд.
"Ин вазъият як таконе барои таҳкими ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви СААД гардид ва аллакай чандин размоишҳои муштарак дар наздикии марзҳои Афғонистон гузаронда шуд", - зикр намудаст фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия.
Ӯ илова намуд, ки мушоҳидаи чунин ҳамкориҳо ба давлатҳои узви СААД боварии бештар бахшид.
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Овозаҳои марги маршал Дӯстум аз сактаи қалбӣ: оё сиҳат доранд?
Ба узвияти СААД Тоҷикистон, Арманистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус шомил мебошанд. Ахиран СААД эълон кард, ки размоиши ҷадидро дар Қирғизистон аз 7 то 9 сентябр зери унвони "Эделвейс" баргузор мекунанд. Бар асоси хабарҳои ин созмон, тирамоҳи соли равон дар маҷмуъ панҷ тамриноти муштарак дар назар аст.
Афзоиши размоишҳо дар ҳолест, ки тайи моҳҳои июл-август ҷангҷӯёни Толибон* қариб ҳамаи музофотҳои Афғонистонро, ба истиснои Панҷшер ишғол карданд ва 15 август онҳо вориди Кобул шуданд. Нерӯҳои зиддитолиб феълан дар Панҷшер таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0