https://sputnik.tj/20210830/rusiya-imkoni-tojikistoniyon-berun-afghoniston-1041966243.html
Русия аз имкони тоҷикистониён барои берун шудан аз Афғонистон гуфт
Русия аз имкони тоҷикистониён барои берун шудан аз Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон имкони тахлияи шаҳрвандон аз Афғонистонро хотиррасон кард
2021-08-30T15:40+0500
2021-08-30T15:40+0500
2021-08-30T15:40+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
гуреза
берун
осиёи марказӣ
шаҳрвандон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038327119_0:257:3073:1985_1920x0_80_0_0_cfe8858c4717c327a8f0531d99fa7a07.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистониён низ метавонанд, то анҷоми муҳлати тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ, тариқи ҳавопаймоҳои Русия аз Афғонистон берун оварда шаванд. Сафорати Русия дар феҳрасти онҳое, ки метавонанд аз Афғонистон берун оварда шаванд, тоҷикистониён ва дигар шаҳрвандони кишварҳои узви СААД - ро ном бурдааст. Шаҳрвандони Русия ва афроде, ки иҷозаи иқомат дар ин кишварро доранд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои узви СААД метавонанд аз Афғонистон ба Русия интиқол дода шаванд. Ба СААД Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус шомилл мебошанд. Манбаъ афзуд, ки хоҳишмандони берун рафтан аз Афғонистон тариқи парвозҳои махсус бояд ба суроғаи rusconsul-af@mail.ru нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод кунанду рақами телефони фаъолро низ ироа намоянд. Таъкид шудааст, ки ба хоҳишмандон маълумоти иловагӣ дар бораи замони парвозҳои махсус аз Афғонистон пешниҳод мегардад. Маврид ба зикр аст, ки феълан аз Афғонистон маъракаи густурдаи тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ ва бархе аз афғонистониҳо идома дорад. Фирор аз Афғонистон баъди он оғоз шуд, ки Толибон* марзу мазуфотҳои ин кишварро ғасб намуда, 15 август вориди Кобул шуданд. Расонаҳо бо такя ба намояндагони Толибон* хабар доданд, ки 31 август муҳлати охирини берун овардани нерӯ ва атбои хориҷӣ аз ин кишвар аст.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210830/kobulov-rusiya-behbud-ravobit-tolibon-1041965535.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0d/1038327119_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5790399273af2bc44c7afa0fa57afd8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистониён, имкон, тахлия, шаҳрвандон
тоҷикистониён, имкон, тахлия, шаҳрвандон
Русия аз имкони тоҷикистониён барои берун шудан аз Афғонистон гуфт
Сафорати Русия дар Тоҷикистон имкони тахлияи шаҳрвандон аз Афғонистонро хотиррасон кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистониён низ метавонанд, то анҷоми муҳлати тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ, тариқи ҳавопаймоҳои Русия аз Афғонистон берун оварда шаванд.
Сафорати Русия дар феҳрасти онҳое, ки метавонанд аз Афғонистон берун оварда шаванд, тоҷикистониён ва дигар шаҳрвандони кишварҳои узви СААД - ро ном бурдааст.
Шаҳрвандони Русия ва афроде, ки иҷозаи иқомат дар ин кишварро доранд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои узви СААД метавонанд аз Афғонистон ба Русия интиқол дода шаванд. Ба СААД Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус шомилл мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки хоҳишмандони берун рафтан аз Афғонистон тариқи парвозҳои махсус бояд ба суроғаи rusconsul-af@mail.ru нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод кунанду рақами телефони фаъолро низ ироа намоянд.
Таъкид шудааст, ки ба хоҳишмандон маълумоти иловагӣ дар бораи замони парвозҳои махсус аз Афғонистон пешниҳод мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан аз Афғонистон маъракаи густурдаи тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ ва бархе аз афғонистониҳо идома дорад.
Фирор аз Афғонистон баъди он оғоз шуд, ки Толибон* марзу мазуфотҳои ин кишварро ғасб намуда, 15 август вориди Кобул шуданд. Расонаҳо бо такя ба намояндагони Толибон* хабар доданд, ки 31 август муҳлати охирини берун овардани нерӯ ва атбои хориҷӣ аз ин кишвар аст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар