https://sputnik.tj/20210830/kobulov-rusiya-behbud-ravobit-tolibon-1041965535.html
Кобулов: Русия беҳбуди равобит бо Толибонро* идома хоҳад дод
Кобулов: Русия беҳбуди равобит бо Толибонро* идома хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи Русия бо ҳама ҳукуматҳо дар Афғонистон робита хоҳад дошт 30.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-30T15:13+0500
2021-08-30T15:13+0500
2021-08-30T15:46+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
замир кобулов
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/40/1020654016_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_ab85f7065dacd8bb18f26509a271907f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Русия муносибатҳоро бо намояндагони ҷунбиши радикалии Толибон беҳтар мекунад *. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон, директори Департаменти дуввуми осиёии Вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кобулов дар эфири шабакаи телевизионии Россия-24 изҳор дошт.Ба гуфтаи дипломат, кишвараш ният дорад бо ҳар ҳукумате, ки дар Афғонистон рӯйи кор меояд, робита барқарор кунад.Вай таъкид кард, ки Русия аз вазъи минбаъдаи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон ва риояи меъёрҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи инсон аз ҷониби Толибон* нигарон аст.“Дар ин сурат хусусиятҳои фарҳангӣ ва мазҳабии мардуми Афғонистонро ба назар гирифтан лозим аст ва кӯшиш накард, ки бар асоси ақидаҳои фарҳангии худ дар бораи демократия чизе таҳмил кунед", - гуфт дипломат.Федератсияи Русия борҳо таъкид кардааст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар бораи демократия ва ниҳодҳои анъанавӣ тасаввуроти худро доранд."Ва он чизе, ки дар тӯли 20 сол ба онҳо бор карда шуд, он фурӯ рафт ва дар пеши назари мо афтод", - қайд кард Кобулов.Дипломат таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои нави ҳавоӣ оғоз кунад.Илова бар ин, Кобулов ба суол дар бораи силоҳҳое, ки низомиёни амрикоӣ боць гузоштанд, посух дод. Вай изҳори умедворӣ кард, ки муҳимоти ҷангӣ дар ҷанги минбаъдаи шаҳрвандӣ истифода нахоҳад шуд.Вай инчунин пешниҳод кард, ки конфронси байналмилалӣ оид ба барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон баргузор шавад. Яке аз масъалаҳои асосӣ дар чунин ҷаласа метавонад баррасии алтернативаи истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар бошад.*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210830/maskav-omoda-barqarorsozi-afghoniston-ishtirok-1041963968.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/40/1020654016_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_7c115c6c0833c96efa8b0ffd6d1be4f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, афғонистон, замир кобулов, гурӯҳи террористии "толибон"
дар ҷаҳон, афғонистон, замир кобулов, гурӯҳи террористии "толибон"
Кобулов: Русия беҳбуди равобит бо Толибонро* идома хоҳад дод
15:13 30.08.2021 (Навсозишуда: 15:46 30.08.2021) Федератсияи Русия бо ҳама ҳукуматҳо дар Афғонистон робита хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Русия муносибатҳоро бо намояндагони ҷунбиши радикалии Толибон беҳтар мекунад *. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон, директори Департаменти дуввуми осиёии Вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кобулов дар эфири шабакаи телевизионии Россия-24 изҳор дошт.
Ба гуфтаи дипломат, кишвараш ният дорад бо ҳар ҳукумате, ки дар Афғонистон рӯйи кор меояд, робита барқарор кунад.
"Сафорати мо дар Кобул кор мекунад ва хеле фаъол аст. Мо чунин алоқаро дар муддати тӯлонӣ барқарор кардем. Ва мо ба барқарор кардани он идома хоҳем дод", - гуфт Кобулов.
Вай таъкид кард, ки Русия аз вазъи минбаъдаи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон ва риояи меъёрҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи инсон аз ҷониби Толибон* нигарон аст.
“Дар ин сурат хусусиятҳои фарҳангӣ ва мазҳабии мардуми Афғонистонро ба назар гирифтан лозим аст ва кӯшиш накард, ки бар асоси ақидаҳои фарҳангии худ дар бораи демократия чизе таҳмил кунед", - гуфт дипломат.
Федератсияи Русия борҳо таъкид кардааст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар бораи демократия ва ниҳодҳои анъанавӣ тасаввуроти худро доранд.
"Ва он чизе, ки дар тӯли 20 сол ба онҳо бор карда шуд, он фурӯ рафт ва дар пеши назари мо афтод", - қайд кард Кобулов.
Дипломат таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои нави ҳавоӣ оғоз кунад.
Илова бар ин, Кобулов ба суол дар бораи силоҳҳое, ки низомиёни амрикоӣ боць гузоштанд, посух дод. Вай изҳори умедворӣ кард, ки муҳимоти ҷангӣ дар ҷанги минбаъдаи шаҳрвандӣ истифода нахоҳад шуд.
"Аммо мо бояд дар бораи сарнавишти минбаъдаи ин силоҳ андеша кунем", - гуфт дипломат.
Вай инчунин пешниҳод кард, ки конфронси байналмилалӣ оид ба барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон баргузор шавад. Яке аз масъалаҳои асосӣ дар чунин ҷаласа метавонад баррасии алтернативаи истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар бошад.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст