https://sputnik.tj/20210830/rahmon-lukashenko-zodruz-shodbosh-guft-afghoniston-1041963424.html
Раҳмон Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош ва аз вазъи Афғонистон гуфт
Раҳмон Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош ва аз вазъи Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва Беларус сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
2021-08-30T13:33+0500
2021-08-30T13:33+0500
2021-08-30T13:46+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
беларус
александр лукашенко
сӯҳбат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/84/1029278445_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_a5d45e945c03bb81015eabb29e9b1a39.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларус Александр Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош гуфт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд.Масъалаи вазъи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои сӯҳбати сарони кишварҳо буд.Сарони ду давлат ҳамчунин, рафти омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СААД-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд.Дар ин зимн аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.
https://sputnik.tj/20210519/tojikistonu-belarus-hamkoriho-tijorati-iqtisodi-tavajjuh-1039543947.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/84/1029278445_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_999f67ff659d85f3d4d3db3322fd7c4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат
Раҳмон Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош ва аз вазъи Афғонистон гуфт
13:33 30.08.2021 (Навсозишуда: 13:46 30.08.2021) Президенти Тоҷикистон ва Беларус сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларус Александр Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош гуфт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.
"Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост меояд, мубодилаи табрикот анҷом доданд", - менависад дафтари матбуотӣ.
Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд.
Масъалаи вазъи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои сӯҳбати сарони кишварҳо буд.
Сарони ду давлат ҳамчунин, рафти омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СААД-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Дар ин зимн аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.
Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.