Тоҷикистону Беларус ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард

© МИД РТГлавы МИД Таджикистана и Белорусии
Главы МИД Таджикистана и Белорусии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Душанбеву Минск нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей баргузор гардид.
Дафтари матбуоти Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки тарафҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро муҳокима карданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Открытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе
Гуфта шудааст, ки вазирони корҳои хориҷӣ ба ҳамкории кишварҳо дар самти тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
“Ҳамзамон вазирон пӯёии мусбати гардиши тиҷорати байни ду кишварро зикр намуда, натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро, ки 5-7 апрели соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд, баррасӣ карданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Вазорати хориҷа зикр кардааст, ки бо дарназардошти бузургдошти 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2021 вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ба рӯйдоди мазкур омодагӣ бинанд ва онро бо чорабиниҳои зиёд ғанӣ кунанд.
Ҳамзамон дар фарҷоми музокирот Нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0