https://sputnik.tj/20210829/kozhenov-munoqisha-muhojiron-taqsim-bozor-1041950860.html
Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест
Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест
Sputnik Тоҷикистон
Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, мегӯяд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон ҳеч заминаи иқтисодӣ ё тангсозии мавқеи ҳамдигар дар бозорро надорад
2021-08-29T11:38+0500
2021-08-29T11:38+0500
2021-08-29T11:38+0500
муҳоҷират
ҷанг
муноқиша
вадим коженов
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103125/26/1031252631_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_7b699622fefafee6a1c7d9711a6f320f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, ҷаҳиши назарраси ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар кишвар ҷой надорад. Ӯ дар суҳбат бо родиои "Говорит Москва" омори депорти муҳоҷирон дар замони топендемияро зикр кард."Барои мисол агар омори соли 2019 - ро гирем, аз кишвар 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуданд. Худатон метавонед бо ин 200 нафаре, ки соли равон депорт шудаанд, муқоиса кунед", - таъкид намуд Коженов. Ӯ афзуд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон таваҷҷуҳи "болоҳо" - ро ҷалб намуд ва дар ин робита чандин ҷаласаҳои бузурги сатҳи баланд баргузор гардиданд. Коженов муътақид аст, ки ин занозаниҳо барои тақсими бозорҳо нестанд. "Дар ҳар бозори хизматрасониҳо, аз колорасонӣ то мусофирбарӣ эълонҳоро мехонем, ки коргарон даркоранд. Модоме чунин эълонҳо дода мешаванд, ин ба он маъност, ки одамон метавонанд рафта кор кунанд, ниёзе ба тақсим нест. Тақсими бозорҳо замоне имконпазир аст, ки ҷои кор нест, ҳама ҷой банд аст", - тавзеҳ додааст ӯ. Вадим Коженов муътақид аст, ки занозаниҳои ахири муҳоҷирон дар Русия омилҳои маишӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Русия дар пайи афзоиши ҳолатҳои занозанӣ миёни муҳоҷирон дар Русия дастур доданд, ки санҷишҳо гузаронда шаванду аз натиҷаи он ба роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия гузориш ироа гардад.
https://sputnik.tj/20210829/dastur-bastrikin-zanozani-guruhi-muhojiron-maskav-1041949606.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103125/26/1031252631_80:0:2811:2048_1920x0_80_0_0_b1d16b298fb4b6e0a26e06713c272360.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вадим коженов, федератсияи муҳоҷирон, ҷанҷол, муноқиша
вадим коженов, федератсияи муҳоҷирон, ҷанҷол, муноқиша
Коженов дар бораи муноқишаи муҳоҷирон: ин тақсими бозор нест
Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, мегӯяд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон ҳеч заминаи иқтисодӣ ё тангсозии мавқеи ҳамдигар дар бозорро надорад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, ҷаҳиши назарраси ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар кишвар ҷой надорад. Ӯ дар суҳбат бо родиои "Говорит Москва" омори депорти муҳоҷирон дар замони топендемияро зикр кард.
"Барои мисол агар омори соли 2019 - ро гирем, аз кишвар 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуданд. Худатон метавонед бо ин 200 нафаре, ки соли равон депорт шудаанд, муқоиса кунед", - таъкид намуд Коженов.
Ӯ афзуд, ҳолатҳои занозании муҳоҷирон таваҷҷуҳи "болоҳо" - ро ҷалб намуд ва дар ин робита чандин ҷаласаҳои бузурги сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Коженов муътақид аст, ки ин занозаниҳо барои тақсими бозорҳо нестанд.
"Дар ҳар бозори хизматрасониҳо, аз колорасонӣ то мусофирбарӣ эълонҳоро мехонем, ки коргарон даркоранд. Модоме чунин эълонҳо дода мешаванд, ин ба он маъност, ки одамон метавонанд рафта кор кунанд, ниёзе ба тақсим нест. Тақсими бозорҳо замоне имконпазир аст, ки ҷои кор нест, ҳама ҷой банд аст", - тавзеҳ додааст ӯ.
Вадим Коженов муътақид аст, ки занозаниҳои ахири муҳоҷирон дар Русия омилҳои маишӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Русия дар пайи афзоиши ҳолатҳои занозанӣ миёни муҳоҷирон дар Русия дастур доданд, ки санҷишҳо гузаронда шаванду аз натиҷаи он ба роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия гузориш ироа гардад.