https://sputnik.tj/20210830/panj-hamla-furudgohi-kobul-mushakboron-1041964354.html
Панҷ ҳамла: фурудгоҳи Кобулро мушакборон карданд
Панҷ ҳамла: фурудгоҳи Кобулро мушакборон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Фурудгоҳи Кобул аз ҷониби афроди номаълум мавриди мушакборон қарор гирифтааст
2021-08-30T14:14+0500
2021-08-30T14:14+0500
2021-08-30T14:15+0500
афғонистон
ҷанг
мушак
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041924138_0:154:1326:900_1920x0_80_0_0_f2c52176bf2da8df7b1b0ccfb4ea494a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба фурудгоҳи Кобул панҷ мушак партоб шуд ва яке аз онҳо ба ҳадаф расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира бо истинод ба намояндагони ҳаракати радикалии Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар медиҳад.Манбаъ гуфтаст, ҳамла ба ҷониби шимолии пойтахт анҷом дода шуд. Дар бораи талафони моливу ҷонӣ иттилое дода намешавад.Мақомоти ИМА далели зарбаи панҷ мушак ба бандари ҳавоӣ тасдиқ карданд, менависад CNN. Аксари онҳоро системаи дифоъи ҳавоии Амрико боздоштааст.Дар ҳамин маълум нест, ки паси ҳамла ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон кӣ меистад.Қаблан низомиёни амрикоӣ ба як мошин дар Кобул ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, ки гӯё ба террористон тааллуқ дошт. Пентагон таъкид кард, ки пас аз нобуд кардани ҳадаф, таркишҳо идома ёфтанд. Ҳамзамон дар бораи қурбониён - сокинони осоишта иттилое дода намешуд. Ба гузориши Ал-Ҷазира, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ шаш нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, мушакҳои амрикоӣ ду мошин ва як қисми бинои истиқоматиро хароб карданд. Пештар Толибон ҳамлаҳои ИМА ба Кобулро маҳкум карданд. Сухангӯи ҷангҷӯён таъкид кард, ки артиши ИМА бояд дар бораи таҳдид хабар медод, на ҳамлаҳои "худсарона"анҷом медоданд.
https://sputnik.tj/20210830/zas-saad-neru-afghoniston-namefiristad-1041959585.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041924138_34:0:1234:900_1920x0_80_0_0_7592ab70c6d1777c7b666ff9f00cfdae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамла мушак
Панҷ ҳамла: фурудгоҳи Кобулро мушакборон карданд
14:14 30.08.2021 (Навсозишуда: 14:15 30.08.2021) Фурудгоҳи Кобул аз ҷониби афроди номаълум мавриди мушакборон қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба фурудгоҳи Кобул панҷ мушак партоб шуд ва яке аз онҳо ба ҳадаф расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира бо истинод ба намояндагони ҳаракати радикалии Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтаст, ҳамла ба ҷониби шимолии пойтахт анҷом дода шуд. Дар бораи талафони моливу ҷонӣ иттилое дода намешавад.
Мақомоти ИМА далели зарбаи панҷ мушак ба бандари ҳавоӣ тасдиқ карданд, менависад CNN. Аксари онҳоро системаи дифоъи ҳавоии Амрико боздоштааст.
Дар ҳамин маълум нест, ки паси ҳамла ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон кӣ меистад.
Қаблан низомиёни амрикоӣ ба як мошин дар Кобул ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, ки гӯё ба террористон тааллуқ дошт.
Пентагон таъкид кард, ки пас аз нобуд кардани ҳадаф, таркишҳо идома ёфтанд. Ҳамзамон дар бораи қурбониён - сокинони осоишта иттилое дода намешуд.
Ба гузориши Ал-Ҷазира, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ шаш нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, мушакҳои амрикоӣ ду мошин ва як қисми бинои истиқоматиро хароб карданд.
Пештар Толибон ҳамлаҳои ИМА ба Кобулро маҳкум карданд. Сухангӯи ҷангҷӯён таъкид кард, ки артиши ИМА бояд дар бораи таҳдид хабар медод, на ҳамлаҳои "худсарона"анҷом медоданд.