Ҳиҷоб ва бокс: аввалин духтари ҳиҷобпӯше, ки ба майдони рақобат мебарояд-навор

© Alex CousinsЛомая стереотипы: 18-летняя девушка впервые выйдет на ринг в хиджабе
Ломая стереотипы: 18-летняя девушка впервые выйдет на ринг в хиджабе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фейсти Сафия Сид тасмим гирифт дардашро дар бистар пушти сар накунад, балки феҳристе аз муҳимтарин корҳо дар зиндагияшро тартиб додаву пеш аз ҳама худро дар варзиши муштзанӣ номнавис кард

ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik.  Ҷавондухтари 18-солаи Бритониёи аввалин зане дониста шудааст, ки ба майдони бокс бо ҳиҷоб мебарояд ва бо рақибаш муштзанӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст Daily Mail.

Мавзуна Чориева бо духтараш Осия аснои муштзанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Медали биринҷии Шоира ва бохти Мавзуна Чориева дар Ҷоми ҷаҳонии бокс

Қарор аст, аввалин рақобати Фейсти Сафия Сид бо ҳиҷоб дар соли равон сурат бигирад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Ассосиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) ба занон иҷозат дод, то бо ҳиҷоб дар мусобиқаҳои бокс иштирок намоянд.

Фейсти Сафия Сид, ба варзиши бок як сол аст, ки шурӯъ кардаааст. Ҳоло ӯ 18-сол дорад. Аз синни 16 то 17-солагӣ Сафия бистарӣ шуда буд: ҷавондухтар дорои маризие камназерест, ки ба сабаби булимиё ва беиштиҳоӣ сар задааст.     

Аммо Сафия тасмим гирифта дардашро дар бистар пушти сар накунад, балки феҳристе аз муҳимтарин корҳо дар зиндагияшро тартиб додаву пеш аз ҳама худро дар варзиши муштзанӣ номнавис кард. Варзиш бисёр писандаш омад ва машқҳояшро дар варзишгоҳ ба ду маротиба дар як рӯз табдил дод.

“Бокс ҳолати манро беҳтар намуд ва ман хело хушҳолам. Ман ошиқи варзишам. Аввал ман аз он нороҳат будам, ки ҳиҷоб дорам. Аммо дар варзишгоҳ касе ба ман аҳамият надод, баракс ҳама маро дастгирӣ карданд. Аксарият фикр мекунанд бокс кардан бо ҳиҷоб мушкил аст, аммо замоне, ки  ман бокс мекунам, ҳатто онро ҳис намекунам”,- гуфт муштзани ҷавон.

Аҷиб он аст, ки ин ҷавондухтири муштзани ҳиҷобпуш на танҳо бо занҳо, балки бо мардҳо низ  тамрин мекунад.

“Аввалин тамрини муштзаниамро, ки бо марду буд, ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳам кард. Вай маро сахт зад, вале ӯ инро эҳсос накард, чунки ман ба гуфтаҳои муррабиам гӯш дода, ҳеҷ гоҳ эҳсосотамро нишон намедиҳам. Барои аксарият мушкил аст бо ман тамрин намоянд, аммо ман ҳамеша мегӯям, ки ба хотири духтар буданам, рафтори худро дигар накунед”, - афзуд Сафия.

© © ALEX COUSINSЛомая стереотипы: 18-летняя девушка впервые выйдет на ринг в хиджабе
Ҳиҷоб ва бокс: аввалин духтари ҳиҷобпӯше, ки ба майдони рақобат мебарояд-навор - Sputnik Тоҷикистон
Ломая стереотипы: 18-летняя девушка впервые выйдет на ринг в хиджабе

Бояд гуфт, ки Сафия аз маризиаш раҳо наёфтааст ва ин маризӣ ӯро нороҳат кардааст, аммо новобаста аз ин ӯ тамринҳояшро канор нагузошта, ба мусобиқа омодагӣ мегирад.

Ҷавондухтари муштзан таъкид намудааст, ки ӯ мехоҳад ба мардум нишон диҳад, ки мушкилоти саломатӣ ҳеҷ гоҳ бояд инсонро ба ақиб накашад. “Агар кореро мехоҳед анҷом диҳед, бояд пеши роҳи шуморо ҳеҷ чизе нагирад”,- қайд намуд Фейсти Сафия Сид.

Лентаи хабарҳо
0