Лавров сиёсати Ғарб дар Афғонистонро бо зарбулмасал тасвир кард

© МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, сиёсати кишварҳои ғарбро дар Афғонистон бо зарбулмасалҳо тасвир кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия аъмоли ғарбро дар Афғонистон вуруд ба ибодатгоҳи бегонае бо қоидаҳои худ хонд.
"Дар Афғонистон тайи 20 сол онҳо бо талоше, ки метавон дар мавридҳои муфидтар истифода бурд, тартиботи худро ҷорӣ карданд. Ба ибодагоҳи бегона бо дастуроти худ рафтан зарур нест", - изҳор дошт Лавров дар суҳбат бо намояндагони ҷавонон дар Волгоград.
Ӯ ҳамчунин зарбулмасали дигарро дар мавриди "фукхалонӣ" зикр карда, чунин бархӯрдро нодуруст хонд.
Вазири умури хориҷии Русия "демократиякунонӣ" дар Ироқу Лубнонро зикр карда, таъкид намуд, ки чӣ пайомадҳои мудҳише дорад. Лавров таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба чунин аъмол даст намезанад.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Песков гуфт, дар мавриди идеяи Макрон бояд назари Толибонро пурсид
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА баъди 20 соли ҳузур дар Афғонистон шитобкорона онро тарк намуданд, ки дар натиҷа Толибон* босуръат ин кишварро дубора ғасб карданд.
Ҷангиёни Толибон* нимаи аввали моҳи август аксари марзҳо ва марказҳои музофотҳоро ғасб намуда, 15 август вориди Кобул шуданд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфт.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0